Рақам 75
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзии молиявӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 05.05.2023
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 05.06.2023
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2019, №117”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правления Национального банка Таджикистана “О внесении изменений и дополнений в постановление Правления Национального банка Таджикистана от 27 сентября 2019 года, №117”
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 05.05.2023
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Бо мақсади мусоидатнамуданбафаъолиятисамараноквамунтазаминизоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои пардохтӣ, мувофиқат намудан ба санадҳои меъёрии амалкунанда Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирфтааст, ки ба “Тартиби интиқоли фаромарзии маблағҳо ва фаъолияти низомҳои   пардохтии анҷомдиҳандаи чунин интиқолҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2019, №117 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 ноябри соли 2019, №992 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйиру иловаҳо ворид намояд.

Дар ҳолати қабул нагардидани тағйиру иловаҳо ба Тартиби мазкур интиқоли фаромарзии маблағҳо ва фаъолияти низомҳои пардохтии анҷомдиҳандаи чунин интиқолҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коста мегарданд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Бонки миллии Тоҷикистон масъули ташкили низомҳои пардохт буда, бо мақсади роҳбарии ташкил ва таъмини фаъолияти самараноку боэътимоди низомҳои пардохтӣ ва ҳисоббаробаркунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Тартиби мазкур ва ба ин васила ҳалли мушкилоти ҷойдоштаро зарур мешуморад.  Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи тағйиру иловаҳои мазкур дар радифи иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ироа гардидаанд, ҷиҳати таъмин кардани фаъолияти самараноки низоми пардохтҳо ва тавсеаи инфрасохтори пардохтӣ нигаронида шудааст.

 

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Дар доираи воридгардидани тағйироту иловаҳо ба Тартиби мазкур масъалаҳои зерин ба танзим дароварда мешаванд:

     - истифодабарии таъминоти барномавии Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо васеъ карда мешавад;

      - вақти гузаронидани клиринги пардохӣ ва ба кадом намуд таҳия шудани ҳуҷҷати клиринги пардохтӣ муайян карда мешавад;

     - ихтилофи техникии ҷойдошта аз байн бурда мешавад.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Бидуни қабули тағйиру иловаҳо ба Талаботи мазкур бо роҳҳои дигар ҳал кардани мушкилиҳои ҷойдошта ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

    Қабули тағйиру иловаҳо ба Тартиби мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.

       Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

    - боиси пешравии фаъолияти низомҳои пардохтии ба интиқоли маблағҳои фаромарзӣ машғулбуда дар чорчӯбаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон мегардад;

   - ба рушди низомҳои пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои пардохтӣ, таъмини субот, бехатарӣ ва муассирии низомҳои пардохтӣ мусоидат менамояд;

     Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

- мусоидат ба фаъолияти мунтазаму босамару низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 05.05.2023
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00075-MMK-#75.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 05.04.2023
Сабтҳо ёфт нашуд