Рақам | 76 |
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | Маркази миллии қонунгузорӣ |
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад | Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар муносибатҳо вобаста ба дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расмӣ (номи давлат), инчунин ворид намудани чунин нишондод ё унсурҳои рамзҳои давлатӣ дар унсурҳои ҳуҷҷатҳо ё маводи рекламавии шахси ҳуқуқӣ, иштирок менамоянд. |
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | 02.06.2023 |
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ | 02.09.2023 |
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ | Тартиб |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ | Тартиби ба номи шахси ҳуқуқӣ дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расмӣ (номи давлат), инчунин ворид намудани чунин нишондод... |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ | Порядок включения в наименование юридического лица указаний на официальное полное или сокращенное название (название государства), а также включение такого назначения... |
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо | 02.06.2023 |
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Дар қисми 1 моддаи 55 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 1999 муқаррори оид ба аз ҷониби Ҳукумат муайян намудани тартиби ба номи шахси ҳуқуқӣ дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расмӣ (номи давлат), ба реквизитҳои аснод ё маводи рекламавии шахси ҳуқуқӣ дохил кардани чунин ном ё унсурҳои рамзи давлатӣ пешбинӣ шуда буд, вале то ҳол ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаи мазкур қабул нашудааст. Аз ин рӯ, дар амал бисёр баҳсу масъалаҳо вобаста ба ба номи шахси ҳуқуқӣ ворид намудани номи давлат, яъне “Ҷумҳурии Тоҷикисто” ё “Тоҷикистон”, тартиби гирифтани иҷозат ба он, хусусиятҳои истифодаи номи давлат дар номи шахси ҳуқуқӣ, мавҷуд мебошанд, ки бояд дар асоси санади меъёрии ҳуқуқии мушаххас ҳали худро ёбанд. Ҳамзамон, санаи 24 декабри соли 2022, №1918 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бо номи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки аз 1 июли соли 2023 мавриди амал қарор дода мешавад, муқарраротро оид ба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайн намудани тартиби ба номи шахси ҳуқуқӣ дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расмӣ (номи давлат), инчунин ворид намудани чунин нишондод ё унсурҳои рамзҳои давлатӣ дар унсурҳои ҳуҷҷатҳо ё маводи рекламавии шахси ҳуқуқӣ, пешбинӣ менамояд. Аз ин рӯ, бо мақсади ҳал намудани баҳсҳо дар самти в ба номи шахси ҳуқуқӣ дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расмии давлат қабули санади меъёрии ҳуқуқии мазкур зарур аст, зеро шахси ҳуқуқие, ки аз номи давлат баромад мекунад симо ва обруи давлатро муаррифӣ мекунад. |
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Лоиҳаи Тартиби мазкур дар асоси қисми 2 моддаи 55 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2022, №1918 таҳия гардида, тартиби истифодаи номи пурра ё мухтасари расмӣ (номи давлат), яъне “Ҷумҳурии Тоҷикистон” ё “Тоҷикистон”, инчунин ворид намудани чунин нишондод ё унсурҳои рамзҳои давлатӣ дар унсурҳои ҳуҷҷатҳо ё маводи рекламавии шахси ҳуқуқиро танзим менамояд. |
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Дар лоиҳа чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Бо қабул гардидани лоиҳаи пешниҳодшуда тартиб ва расмиёти ба номи шахси ҳуқуқӣ дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расмӣ (номи давлат), инчунин ворид намудани чунин нишондод ё унсурҳои рамзҳои давлатӣ дар унсурҳои ҳуҷҷатҳо ё маводи рекламавии шахси ҳуқуқӣ дақиқ муайян гардида, он ба татбиқи дуруст ва яксони муқаррароти қонунгузории амалкунанда мусоидат хоҳад намуд. Бидуни қабули чунин санади меъёрии ҳуқуқи ҳал намудани мушкилиҳои ҷойдошта, инчунин танзими масъалаи мазкур ғайриимкон мебошад. |
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Лоиҳаи мазкур хароҷоти иловагии молиявиро аз буҷети давлатӣ талаб наменамояд. Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур: - сатҳи хизматрасониҳои вобаста ба масъалаи мазкур баланд мегарданд; - шахсони ҳуқуқи дар асосӣ иҷозат дар номи худ метавонанд номи давлатро истифода намоянд; - пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои дар самти истифодаи номи давлат; - ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳои давлат, инчунин ҳуқуқҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ. Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур: - рушди иқтисодиёти кишвар; - рушди фаъолияти соҳибкории ватанӣ ва хориҷӣ. |
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор | 02.06.2023 |
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа | Ҳа |
Хулосаи/Замимаи ММҚ | N00076-MMK-#76.pdf |
Тамоси таҳиякунанда | |
Санаи нашр | 02.05.2023 |