Рақам 63
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони ҳуқуқии тиҷоратие, ки дар муносибатҳо вобаста истифодабарии номи фирмавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 30.11.2022
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.01.2023
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қонун
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номи фирмавӣ”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Закон Республики Таджикистан “О фирменных наименованиях”
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 24.11.2022
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Мушкилоти зерин дар самти мазкур ҷой дорад:

1. Мушкилот оид ба танзими ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқи истисноӣ ба номи фирмавӣ.

2. Мушкилот оид ба ҳифзи ҳуқуқи шахсони ҳуқуқии тиҷоратӣ. 

3. Мушкилот вобаста ба истифодабарии ғайриқонунии номи фирмавӣ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Конвенсияи Париж “Оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ” ба ҳисоб меравад, ки Конвенсияи мазкур дар баробари дигар объектҳои моликияти саноатӣ, “Номи фирмавӣ”-ро низ ҳамчун объекти алоҳида ба танзим медарорад.

Мутобиқи қисми 4 моддаи 55 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти тиҷоратӣ мебошад, бояд номи фирмавӣ дошта бошад. Шахси ҳуқуқие, ки номи фирмавии он мувофиқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст, барои истифодаи он ҳуқуқи мустасно, яъне истисноӣ дорад.

Шахсе, ки номи ба қайд гирифташудаи фирмавии шахси дигарро ғайриқонунӣ истифода мекунад, бо талаби соҳиби ҳуқуқдори номи фирмавӣ вазифадор аст истифодаи онро қатъ карда, зиёни расонидаашро ҷуброн намояд.

Боиси зикр аст, ки дар қисми 4 моддаи 55 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки тартиби бақайдгирӣ ва истифодаи номи фирмавиро қонунҳо мутобиқи ҳамин Кодекс муайян менамоянд. Тавре, ки дида мешавад муносибатҳои ҳуқуқӣ вобаста ба номи фирмавӣ мутобиқи меъёрҳои Кодекси гражданӣ ва меъёрҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии иловагӣ муқаррар гардидаанд, татбиқ карда мешаванд.

Мавриди қайд аст, ки номи фирмавӣ мутобиқи қисми 2 моддаи 1126 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз объектҳои алоҳидаи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ муқаррар карда шудааст, аммо дар Кодекси мазкур мафҳум ва мазмуни номи фирмавӣ пешбинӣ нашудааст.

Ҳамзамон, тартиби бақайдгирии номи фирмавӣ дар асоси бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба роҳ монда шудааст, вале дигар муносибатҳое, ки аз истифодабарии “Номи фирмавӣ” бармеоянд ба танзим дароварда нашудаанд, аз он ҷумла муносибатҳои объекти мазкур бо дигар воситаҳои фардикунонии молу хизматрасонӣ дар муомилоти гражданӣ.

Ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номи фирмавӣ” мушкилиҳое, ки байни номи фирмавӣ ва дигар воситаҳои фардикунонӣ (тамғаи молӣ, тамғаи хизматрасонӣ, ишораҳои ҷуғрофӣ ва нишонаи тиҷоратӣ) ба вуҷуд меоянд, пурра бартараф хоҳанд шуд, инчунин баррасӣ ва ҳалли баҳсҳо миёни шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ, соҳибкорон ва мақомотҳои ваколатдори давлатӣ, аз он ҷумла судҳо ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ осон мегарданд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номи фирмавӣ” ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқаррароти банди 39 Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №210 тасдиқ гардидааст ва бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 августи соли 2013, №7713 (12.2-6) оид ба таҳия намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба “Номи фирмавӣ” таҳия гардидааст.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Дар лоиҳаи Қонун чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:

- талаботҳо нисбат ба номи фирмавӣ;

- ҳифзи ҳуқуқии номи фирмавӣ;

- тарзҳои ҳифзи ҳуқуқии номи фирмавӣ;

- мавриди баҳс қарор додан ва беэътибор донистани ҳифзи ҳуқуқии номи фирмавӣ;

- қатъ гардидани ҳифзи ҳуқуқии номи фирмавӣ ва ғайра.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Тартиби бақайдгирии номи фирмавӣ дар асоси бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба роҳ монда шудааст, вале дигар муносибатҳое, ки аз истифодабарии “Номи фирмавӣ” бармеоянд ба танзим дароварда нашудаанд, аз он ҷумла муносибатҳои объекти мазкур бо дигар воситаҳои фардикунонии молу хизматрасонӣ дар муомилоти гражданӣ.

Бидуни таҳияи чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинӣ намудааст, ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ ва ба танзим даровардани муносибатҳо вобаста ба истифодабарии номи фирмавӣ ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Лоиҳаи Қонуни мазкур аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

  • сатҳи хизматрасониҳои бақайдгирии номи фирмавӣ баланд мегардад;
  • ҳуқуқҳои шахсони ҳуқуқии тиҷоратӣ ҳифз мегарданд;
  • номи фирмавӣ дар доираи истифода бурда мешавад;
  • фардикунии шахсони ҳуқуқии тиҷоратӣ ба роҳ монда мешавад.

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

  • рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисодиёти кишвар;
  • рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ.
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 24.11.2022
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00063-MMK-#63.pdf
Тамоси таҳиякунанда н. И. Сомони, Бохтар 37, 2215132, info@medt.tj
Санаи нашр 24.10.2022
Сабтҳо ёфт нашуд