Рақам | 118 | |
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҲҶТ | |
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад | Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ | |
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ | 12.05.2025 | |
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ | 01.09.2025 | |
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ | Кодекс | |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ | Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон | |
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ | Экологический кодекс Республики Таджикистан | |
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо | 10.05.2025 | |
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
|
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Тибқи сархати 5 банди 12 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҶТ барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти ҶТ аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ гардидааст, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати ҳуқуқии ҶТ-ро такмили қонунгузории ҶТ бо дарназардошти васеъ гардидани доираи муносибатҳои ҷамъиятии моҳиятан ҳаммонанд, ки бо қонунҳо танзим меёбанд ва бояд дар оянда бо тадриҷ кодификатсия карда шаванд, ташкил медиҳад. Инчунин, тибқи банди 862 Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2021, №168 тасдиқ шудааст, масъалаи дақиқ муайян намудани вазифаҳо ва ваколатҳо, инчунин таъмини ҳамоҳангсозии амалҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тавассути таҳия ва қабули Кодекси экологии ҶТ пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон, бояд таъкид дошт, ки тибқи банди 32 Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории ҶТ, ки бо фармони Президенти ҶТ аз 19 феврали соли 2011, №1021 тасдиқ шуда буд, бо мақсади таъмини ҳифзи муҳити зист, инчунин иҷрои шартномаҳои байналмилалии ҶТ оид ба ин масъала таҳия ва қабули Кодекси экологии ҶТ зарур шуморида шудааст. |
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Лоиҳаи Кодекси мазкур аз қисми умумӣ ва махсус, 40 боб ва 584 модда иборат буда, муносибатҳоро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист танзим намуда, ба ҳифз ва истифодаи самаранок, мақсаднок, оқилонаи захираҳои табиӣ равона гардида, таъмини ҳифзи муҳити зист, амнияти экологӣ, рушди устувор ва кафолати ҳимояи ҳуқуқҳои табиатистифодабарандагонро муайян менамояд. Лоиҳаи Кодекси мазкур бо дарназардошти таҷрибаи қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва таҷрибаи қонунгузории ҷумҳурӣ доир ба соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самаранок, мақсаднок, оқилонаи захираҳои табиӣ таҳия гардидааст. |
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Лоиҳаи Кодекси мазкур барои танзим намудани муносибатҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ҳифз ва истифодаи самаранок, мақсаднок, оқилонаи захираҳои табиӣ равона гардида, таъмини ҳифзи муҳити зист, амнияти экологӣ, рушди устувор ва кафолати ҳимояи ҳуқуқҳои табиатистифодабарандагонро муайян менамояд. Бидуни таҳияи лоиҳаи мазкур фаҳмондадиҳи миёни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар муносибатҳои мазкур иштирок менамоянд гузаронида шудааст. |
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Лоиҳаи Кодекси мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб намекунад. Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:
Оқибатҳои иқдисодии лоиҳаи мазкур:
гузариш ба иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ. |
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор | 03.04.2025 | |
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа | Дар барраси | |
Хулосаи/Замимаи ММҚ | ||
Тамоси таҳиякунанда | ш. Душанбе, 904 00 51 51, Muhammad_0220@mail.ru | |
Санаи нашр | 10.04.2025 |