Рақам 42
Дар асоси нақша 57
Намуди ҳуҷҷат Қонун
Ном бо забони тоҷикӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ”
Ном бо забони русӣ Закон Республики Таджикистан “О долевом участии в жилищном строительстве”
Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

Қаблан чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ мавҷуд набуд

Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

Раньше не принимался такой нормативный правовой акт

Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

Лоиҳа

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ СОХТМОНИ ҲИССАГИИ БИНОИ ИСТИҚОМАТӢ

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ танзим намуда, барои дастрасӣ ба манзил шароит фароҳам оварда, манфиатҳои қонунии ҳиссагузорон ва ширкатҳои сохтмониро ҳифз менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

1) бинои истиқоматӣ - бинои бисёрошёна, ки аз масоҳати таъиноти манзили истиқоматӣ ва маъмурию хизматрасонӣ, ки бо ҷалби воситаҳои пулии ҳиссагузорон сохта мешавад;

2) манзил дар бинои истиқоматӣ - масоҳате, ки  аз як ё якчанд ҳуҷра, масоҳати ёрирасон, шароити мусоид ва даромадгоҳи алоҳида иборат аст;

3) объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ - масоҳати таъиноти манзилӣ ва маъмурию хизматрасонӣ дар бинои истиқоматӣ;

4) сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ  - биное, ки бо ҷалби воситаҳои пулии ҳиссагузорон аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ бунёд мешавад;

5) ҳиссагузор - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо ширкати сохтмонӣ бо мақсади ба даст овардани объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ  шартнома мебанданд;

6) ҳисса дар бинои истиқоматӣ - масоҳати объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ, инчунин таҷҳизотҳои технологӣ ва муҳандисӣ, ки барои иҷрои шартнома ба ҳиссагузор супорида мешавад;

7) шартномаи сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ  (минбаъд - шартнома) - созиши байни ҳиссагузор ва ширкати сохтмонӣ, ки бо риояи шарт ва муҳлати шартнома ҳиссагузор уҳдадор мешавад нархи муайяншударо ба ширкати сохтмонӣ пардохт намояд, ширкати сохтмонӣ бошад, уҳдадор мегардад, ки объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматиро сохта, пас аз гирифтани санади комиссияи давлатӣ оид ба қабул онро ба ҳиссагузор супорад;

8) ширкати сохтмонӣ - шахсони ҳуқуқие, ки бо ҷалби воситаҳои пулии ҳиссагузорон тибқи қонунгузорӣ бинои истиқоматиро бунёд менамоянд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ  ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

  1. Қонуни мазкур муносибатҳои байни ширкати сохтмонӣ ва ҳиссагузорро дар асоси шартнома, ки бо сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ алоқаманд аст, танзим менамояд.
  2. Қонуни мазкур муносибатҳои зеринро танзим наменамояд:

1) сармоягузорӣ дар сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ;

2) сохтмони бинои таъиноти истеҳсолӣ.

 

Моддаи 4. Объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ 

Ба объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ масоҳати таъиноти зерин дохил мешаванд:

1) манзилӣ;

2) маъмурӣ ва хизматрасонӣ.

 

Моддаи 5. Принсипҳои асосии сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ 

Сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

  • баробарии тарафҳо;
  • таъмини шаффофият;
  • дастрасӣ ба манзил;
  • масъулиятнокии тарафҳо.

 

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ СОХТМОНИ ІИССАГИИ БИНОИ ИСТИҚОМАТӢ

 

Моддаи 6. Сиёсати давлатӣ дар самти сохтмони іиссагии бинои истиқоматӣ

Сиёсати давлатӣ дар самти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ аз мақсадҳои зерин бармеояд:

1) таъмини шаҳрвандон ба манзили дастрас ва фароҳам овардани шароити арзанда;

2) баробарии рушди устувори шаҳрҳо ва дигар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ;

3) баланд бардоштани дастрасии манзил тавассути рушди бозори қарзи  ипотекӣ;

4) фароҳам овардани механизми самараноки кафолати ҳуқуқӣ ба ҳиссагузорон ва ширкатҳои сохтмонӣ;

5) ташкили механизмҳои ҳавасмандгардонӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияи муосир ва давра ба давра манъи истифодаи усулҳои куҳнашуда.

 

 

 

Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ дорои салоҳияти зерин мебошад:

  • пешбурди сиёсати давлатӣ;
  • муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ;
  • таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
  • амалӣ намудани дигар ваколатҳо мутобиқи қонунгузорӣ.

 

Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

1) таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ;

2) қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар доираи ваколати худ;

3) таъсис ва пешбурди феҳристи бақайдгирии шартномаҳо ва ширкатҳои сохтмонӣ тавассути портали иттилоотии электронӣ;

4) таҳия ва тасдиқи шартномаи намунавӣ;

5) назорат ва таъмини шаффофияти фаъолияти ширкатҳои сохтмонӣ;

6) амалӣ намудани чораҳои дахлдор барои бартараф намудани ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории шаҳрсозӣ аз ҷониби ширкати сохтмонӣ;

7) амалӣ намудани дигар ваколатҳо мутобиқи қонунгузорӣ.

 

 

БОБИ 3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ ДАР САМТИ СОХТМОНИ ІИССАГИИ БИНОИ ИСТИҚОМАТӢ

 

Моддаи 9. Маълумотномаи лоиҳаи сохтмони іиссагии бинои истиқоматӣ

  1. 1. Маълумотномаи лоиҳа аз иттилоот оид ба ширкати сохтмонӣ ва лоиҳаи бинои истиқоматӣ иборат аст.
  2. Ҳангоми ворид намудани тағйирот ба маълумотномаи лоиҳа ширкати сохтмонӣ уҳдадор аст дар муҳлати се рӯз ҳиссагузоронро оид ба чунин тағйирот ба таври хаттӣ огоҳ намояд.

 

Моддаи 10. Иттилоот оид ба ширкати сохтмонӣ

  1. Оид ба ширкати сохтмонӣ дар маълумотнома иттилооти зерин пешбинӣ мегардад:

1) номи пурра, маҳалли ҷойгиршавии ширкати сохтмонӣ ва муассис (муассисон)-и он;

2) сана ва рақами шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ширкати сохтмонӣ;

3) иҷозатномаи ширкати сохтмонӣ барои амалинамоии корҳои сохтмонӣ-васлнамоӣ бо нишон додани рақами тартибӣ, сана ва муҳлати амали он;

4) маълумот оид ба ҷалби воситаҳои қарзӣ барои сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ.

  1. Дар сурати ҷалби ташкилоти пудратӣ ба корҳои сохтмонӣ-васлнамоӣ ширкати сохтмонӣ тибқи талаботи қисми якуми моддаи мазкур иттилооти иловагиро пешниҳод менамояд.
  2. Иттилоот оид ба ширкати сохтмонӣ ба ҳиссагузорон ҳангоми бастани шартнома барои шинос шудан пешниҳод мегардад, ҳамчунин дар сомонаи расмии ширкати сохтмонӣ ҷойгир карда мешавад.

 

Моддаи 11. Иттилоот оид ба лоиҳаи сохтмони іиссагии бинои истиқоматӣ

  1. Дар лоиҳаи сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ маълумотҳои зерин пешбинӣ мешавад:

1) ном, сана, рақами қарор оид ба додани қитъаи замин ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи он;

2) муҳлати оғоз ва анҷом;

3) маҳалли ҷойгиршавии бинои сохташаванда, тасвири он, ҳудуд ва майдони қитъаи замин;

4) арзиши лоиҳавӣ;

5) масоҳату  шумораи манзил дар бинои истиқоматӣ ва дигар масоҳати таъиноти маъмурию хизматрасонӣ;

6) арзиши метри мураббаи манзил дар бинои истиқоматӣ ва дигар масоҳати таъиноти маъмурию хизматрасонӣ.

  1. Иттилоот оид ба лоиҳаи сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ ба ҳиссагузор ҳангоми бастани шартнома барои шинос шудан пешниҳод гардида, ҳамчунин дар сомонаи расмии ширкати сохтмонӣ ҷойгир карда мешавад.
  2. Нусхаи аслии лоиҳаи сохтмони іиссагии бинои истиқоматиро ширкати сохтмонӣ нигоҳ медорад ва амалӣ менамояд.

 

Моддаи 12. Муҳлати супоридани объекти сохтмони іиссагии бинои истиқоматӣ

  1. Ширкати сохтмонӣ уҳдадор аст ба ҳиссагузорон объекти сохтмони іиссагии бинои истиқоматиро дар муҳлати пешбининамудаи шартнома супорад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур.
  2. Ҳангоми дар муҳлати пешбинишудаи шартнома сохтмон ба итмом расонида нашавад, ширкати сохтмонӣ уҳдадор аст на дертар аз як моҳ иттилооти дахлдорро ба ҳиссагузорон хаттӣ дастрас намояд.
  3. Дар асоси розигии тарафҳо муҳлати пешниҳоди сохтмон дар шартнома мумкин аст тағйир дода шавад ё яктарафа қатъ гардад.
  4. Ширкати сохтмонӣ баъди гирифтани санади комиссияи давлатӣ оид ба қабул объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматиро ба ҳиссагузорон месупорад.
  5. Ширкати сохтмонӣ на дертар аз як моҳ то анҷоми муҳлати пешниҳоди бинои истиқоматӣ, уҳдадор аст ҳиссагузоронро оид ба анҷоми сохтмон огоҳ намояд.
  6. Ҳангоми номутобиқатии бинои истиқоматӣ ба талаботи пешбининамудаи Қонуни мазкур, ҳиссагузор ҳуқуқ дорад аз ширкати сохтмонӣ тартиб додани санадро бо нишон додани номутобиқатӣ талаб намояд ва аз имзои санади қабули пешниҳод то аз ҷониби ширкати сохтмонӣ иҷро гардидани уҳдадориҳои дар Қонуни мазкур муқарраргардида даст кашад.
  7. Ҳиссагузор дар муҳлати як моҳ уҳдадор аст ҳиссаи худро дар бинои истиқоматӣ қабул намояд.
  8. Дар сурати аз ҷониби ҳиссагузор дар муҳлат қабул накардани объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ бо сабабҳои аз ширкати сохтмонӣ вобаста набуда ва ё ҷой надоштани имконият оид ба муқаррар намудани суроғаи ҳиссагузор, бо гузаштани шаш моҳ ширкати сохтмонӣ ҳуқуқ дорад якҷоя бо мақоми ваколатдор санадро бо нишон додани сабабҳо, ки аз рӯйи онҳо пешниҳоди объекти сохтмон ба ҳиссагузор номумкин аст, тартиб диҳад. Дар чунин ҳолат хатари зарар дидан ва ё несту нобуд шудани объекти сохтмон аз рӯзи тартиб додани чунин санад ба ҳиссагузор гузашташуда, ҳисоб меёбад.

 

Моддаи 13. Бақайдгирии давлатии ҳуқуқи моликияти ҳиссагузор ба объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ 

  1. Ширкати сохтмонӣ уҳдадор аст, ки дар муҳлати як моҳ баъди қабули бинои истиқоматӣ барои истифодабарӣ ба ҳиссагузор ҳисоби ниҳоии нархи объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматиро пешниҳод намояд. Баъди пурра пардохт кардани нархи объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ, ширкати сохтмонӣ уҳдадор аст, ки дар муҳлати се рӯзи корӣ ба ҳиссагузор ҳуҷҷатҳои заруриро барои барасмиятдарории ҳуқуқи моликият ба объекти мазкур пешниҳод намояд.
  2. Мақоми ваколатдори бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он уҳдадор аст ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳуқуқи моликият ба объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматиро ба қайд гирад.

 

Моддаи 14. Бартараф намудани монеаҳо ва ҷуброни зарар ҳангоми оғози сохтмони іиссагии бинои истиқоматӣ

  1. Пеш аз оғози корҳои сохтмонӣ ҳангоми ҷой доштани монеаҳо барои бунёди сохтмон, ширкати сохтмонӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ монеаҳои ҷойдоштаро бартараф менамояд.
  2. Баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибмулкон ва таъмини адолати иҷтимоӣ ширкати сохтмонӣ ҷуброни зарари молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо розигии онҳо тибқи қонунгузорӣ барқарор менамояд.
  3. Ширкати сохтмонӣ бо розигии соҳибмулкон оид ба таъмини онҳо бо манзилҳои истиқоматии муваққатӣ ва ҷиҳати бартарафсозӣ бо шарти минбаъд пайдо намудани ҳуқуқи моликият ба манзилҳои истиқоматӣ дар биноҳои истиқоматии навбунёдшуда, шартномаи тариқи нотариалӣ тасдиқшударо ба расмият медарорад.

 

Моддаи 15. Суғуртаи ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқии ширкати сохтмонӣ

  1. Ширкати сохтмонӣ ҳуқуқ дорад таваккали ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқии худро барои иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро намудани уҳдадориҳои сохтани объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ, суғурта намояд.
  2. Суғуртаи ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқии ширкати сохтмонӣ тибқи қонунгузорӣ сурат мегирад.

 

БОБИ 4. ШАРТНОМАИ СОХТМОНИ ҲИССАГИИ БИНОИ ИСТИҚОМАТӢ

 

Моддаи 16. Мавзӯъ ва бастани шартномаи сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ

  1. Мавзӯи шартномаро муносибатҳои ҳуқуқии тарафҳо вобаста ба ҳиссагузорӣ ва бунёди сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ ташкил менамояд.
  2. Асос барои бастани шартнома пешниҳоди аризаи хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ширкати сохтмонӣ мебошад.
  3. Ширкати сохтмонӣ уҳдадор аст, ки бақайдгирии аризаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои бастани шартнома ба роҳ монад.
  4. Шартнома аз ҷониби ширкати сохтмонӣ бо тартиби ворид гардидани аризаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баста мешавад.
  5. Пеш аз бастани шартнома ҳиссагузор ҳуқуқ дорад аз ширкати сохтмонӣ дар баробари иттилооте, ки дар моддаи 10 ва 11 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, инчунин маълумот ва ҳуҷҷатҳои зеринро барои шиносоӣ талаб намояд:

1)  ҳуҷҷатҳои таъсисии ширкати сохтмонӣ;

2) нусхаи иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ.

 

Моддаи 17. Тарафҳои шартномаи сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ

  1. Тарафҳои шартнома ҳиссагузор ва ширкати сохтмонӣ мебошанд.
  2. Ба сифати ҳиссагузор танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамоянд. Дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба сифати ҳиссагузор танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ иштирок карда метавонанд.
  3. Ба сифати ширкати сохтмонӣ шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамоянд. Дигар шахсони ҳуқуқӣ ба сифати ширкати сохтмонӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ баромад менамоянд.
  4. Ҳангоми вафоти ҳиссагузор ҳуқуқу уҳдадориҳои ӯ мувофиқи қонунгузорӣ ва шартнома ба ворисони ӯ мегузарад ва ширкати сохтмонӣ ҳуқуқ надорад воридшавии онҳоро ба шартнома рад намояд.
  5. Дар мавриди азнавташкилдиҳии ширкати сохтмонӣ ворисии универсалии ӯ, ки аз шартнома бармеояд, бо қоидаҳои умумии қонунгузории гражданӣ муайян карда мешавад.

 

Моддаи 18. Шартҳои муҳими шартномаи сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ

  1. Шартнома аз шартҳои муҳими зерин иборат аст:

1) ном ва маҳалли ҷойгиршавии сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ;

2) ошёна ва масоҳати ҳиссагузор дар бинои истиқоматӣ;

3) арзишӣ метри мураббаи объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ;

4) андоза, тартиб ва муҳлати пардохти арзиши объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ;

5) муҳлати оғоз ва ба истифода додани сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ;

6) шартҳо ва тартиби баргардонидани маблағҳои пулии ҳиссагузор ҳангоми бекор кардани шартнома;

7) андозаи ноустуворона барои иҷро нагардидани талаботи шартнома  аз ҷониби тарафҳо;

8) муҳлати кафолати сифати объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ.

  1. Ҳангоми ба инобат нагирифтани шартҳои номбаршуда, шартнома беэътибор аст.

 

Моддаи 19. Шакл ва бақайдгирии давлатии шартномаи сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ

  1. Шартномаи сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ дар шакли хаттӣ баста шуда, аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ басташуда ҳисобида мешавад.
  2. Бақайдгирии давлатии шартномаи мазкур дар асоси аризаи хаттии ширкати сохтмонӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад.
  3. Тартиби бақайдгирии давлатии шартномаро мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд.

 

Моддаи 20. Талаботҳо оид ба бақайдгирии давлатии шартномаи сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ

  1. Ширкати сохтмонӣ дар муҳлати даҳ рӯзи корӣ аз лаҳзаи имзои шартнома аз ҷониби тарафҳо се нусхаи онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои санҷиши мутобиқат ба талаботи Қонуни мазкур ва маълумотномаи лоиҳа пешниҳод менамояд.
  2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар муҳлати панҷ рӯзи корӣ шартномаро ба қайди давлатӣ гирифта, дар ҳар як нусхаи он муҳр гузошта, ба ширкати сохтмонӣ месупорад. Дар сурати мавҷуд будани номутобиқатӣ онро ба ширкати сохтмонӣ барои бартараф намудани камбудиҳо бармегардонад.
  3. Мақоми ваколатдори давлатӣ баъд аз бақайдгирӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба мақомоти андоз феҳристи шартномаҳо, тағйироти ба онҳо воридшуда ва бекоршударо дар шакли электронӣ пешниҳод менамояд.

Моддаи 21. Нарх дар шартномаи сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ

  1. Нарх дар шартнома бо созиши тарафҳо муайян карда мешавад. Бо созиши тарафҳо нарх дар шартнома метавонад баъди бастани он тағйир дода шавад.
  2. Ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ғайринақдӣ ва дигар шаклҳои он байни тарафҳо танҳо баъди бақайдгирии шартнома дар мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад.
  3. Нарх дар шартнома аз ҷониби ҳиссагузор дар марҳилаҳои пешбининамудаи моддаи мазкур ба суратҳисоби ширкати сохтмонӣ, ки дар ташкилоти қарзии молиявӣ барои ҳар як бинои истиқоматӣ кушода шудааст, тибқи ҷадвали пардохтҳо, ки ба шартнома замима мегардад, пардохт мешавад.
  4. Ширкати сохтмонӣ нарх дар шартномаро дар яке аз марҳилаҳои зерин қабул менамояд:

1) пас аз бақайдгирии давлатии шартнома - пардохти 30 фоизи нархи он, маблағи боқимонда - ҳар моҳ баробар то ба охир  расидани сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ;

2) пас аз бақайдгирии давлатии шартнома - пардохти 30 фоизи нархи он, маблағи боқимонда - баробар ба ҳар се моҳа то ба охир  расидани сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ;

3) пардохти давраи якум, пас аз бақайдгирии давлатии шартнома – 30 фоизи нархи он, давраи дуюм, пас аз баанҷомрасии қолиби объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматии ҳиссагузор – 40 фоизи нарх, давраи сеюм, пас аз гирифтани санади комиссияи давлатӣ оид ба қабул ва ба истифода додани бинои истиқоматӣ – 30 фоизи нархи шартнома.

  1. Ширкати сохтмонӣ ҳуқуқи якбора талаб намудани пардохти пурраи нарх дар шартномаро надорад. Пурра пардохт кардани нарх дар шартнома танҳо бо розигии ҳиссагузор анҷом дода мешавад.

          

Моддаи 22. Кафолати сифат дар шартномаи сохтмони іиссагии бинои истиқоматӣ

  1. Ширкати сохтмонӣ уҳдадор аст объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматиро бо назардошти он сифате, ки дар шартҳои шартнома ва талаботи лоиҳавию харҷномавии ҳуҷҷатҳо пешбинӣ шудааст, ба ҳиссагузор пешниҳод намояд.
  2. Дар ҳолати аз ҷониби ширкати сохтмонӣ вайрон намудани шартҳои шартнома ва ё талаботи ҳатмии муқаррарнамудаи қисми якуми моддаи мазкур, ки боиси бад шудани сифати объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ гардидааст, ҳиссагузор ҳуқуқ дорад аз ширкати сохтмонӣ талаб намояд:

1) бемузд бартараф кардани камбудиҳо;

2) нисбатан кам намудани нархи шартнома;

3) ҷуброни хароҷотҳо вобаста ба бартараф намудани камбудиҳо.

  1. Муҳлати кафолати сифати сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ ва таҷҳизотҳои технологӣ - муҳандисӣ, ки қисмати таркибии объекти сохтмонӣ мебошанд, дар шартнома муқаррар гардида, наметавонад аз ду сол кам бошад. Муҳлати кафолати сифат аз рӯзи имзои санади қабулу пешниҳоди бинои истиқоматӣ ҳисоб карда мешавад.
  2. Ширкати сохтмонӣ барои камбудиҳои объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ, ки дар муҳлати кафолати сифат ошкор шудаанд масъулият надорад, агар исбот намояд, ки ин камбудиҳо дар натиҷаи истифодаи нодуруст ва ё ғайри дахлдор таъмир гардидани он аз ҷониби ҳиссагузор ва ё шахсони сеюми ҷалбнамудаи ӯ ба миён омада бошад.
  3. Дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи шартнома оид ба кафолати сифат аз ҷониби ширкати сохтмонӣ, ҳиссагузор ҳуқуқ дорад бо аризаи даъвогӣ барои ҷуброни зарари расонидашуда ба суд муроҷиат намояд.

 

Моддаи 23. Гузашт кардани ҳуқуқи талабкунӣ тибқи шартномаи сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ

  1. Гузашт кардани ҳуқуқи талабкунӣ тибқи шартнома аз лаҳзаи бақайдгирии шартнома дар мақоми ваколатдори давлатӣ то лаҳзаи имзои санади қабули объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматии муқарраршуда аз ҷониби тарафҳо иҷозат дода мешавад.
  2. Гузашт кардани ҳуқуқи талабкунӣ бо роҳи бастани созишномаи иловагӣ ба шартномаи асосӣ амалӣ карда мешавад. Дар созишномаи иловагӣ маълумот оид ба ҳиссаи муқарраршуда ва нарх, ки ҳиссагузор гузашт менамояд ва ҳиссагузори нав ҳуқуқи талабкуниро ба он ба даст меорад, пешбинӣ мегардад.
  3. Гузашт кардани ҳуқуқи талабкунӣ мувофиқи шартҳои шартнома ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 24. Иҷрои уҳдадориҳо тибқи шартномаи сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ

  1. Уҳдадории ҳиссагузор аз лаҳзаи дар ҳаҷми пурра пардохт намудани нархи муайяншудаи шартнома ва қабули объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ иҷрогардида ба ҳисоб меравад.
  2. Уҳдадории ширкати сохтмонӣ баъди ба истифода додани бинои истиқоматӣ ва гузаштани муҳлати кафолати сифат иҷрогардида ҳисоб меёбад.
  3. Таваккали тасодуфи зарар дидан ё несту нобуд шудани объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ то супоридани он ба ҳиссагузор уҳдадории ширкати сохтмонӣ мебошад. Баъди имзои санади қабули объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ, таваккали тасодуфи зарар дидан ва ё несту нобуд шудани он ба ҳиссагузор мегузарад.

 

Моддаи 25. Тағйир додан ва бекор кардани шартномаи сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ

  1. Бо созиши тарафҳо шартномаи басташуда метавонад тағйир дода шавад.
  2. Бо талаби ҳиссагузор шартнома метавонад дар чунин ҳолатҳо бекор карда шавад:

1) иҷро нагардидани уҳдадории ширкати сохтмонӣ оид ба пешниҳоди объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ, ки зиёда аз се моҳи муҳлати супоридани он гузаштааст;

2) тағйир додани ҳуҷҷатҳои лоиҳавии бинои истиқоматӣ, ки ба таркиби он объекти сохтмони ҳиссагӣ, инчунин масоҳати объекти сохтмони ҳиссагӣ дохил мешавад;

3) аз ҷониби ширкати сохтмонӣ иҷро нашудани талаботҳои Қонуни мазкур;

4) риоя накардани талаботи шартҳои шартнома.

  1. Бо талаби ширкати сохтмонӣ шартнома метавонад дар ҳолати риоя накардани талаботи шартҳои он бекор карда шавад.
  2. Ҳангоми тағйир ва бекор кардани шартнома аз ҷониби тарафҳо, ширкати сохтмонӣ уҳдадор аст, дар муҳлати ҳафт рӯзи корӣ ҳуҷҷатҳои дахлдорро дар ин бора ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намояд.

 

Моддаи 26. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳиссагузор

  1. Ҳиссагузор ҳуқуқ дорад:

1) оид ба маълумотномаи лоиҳа ва корҳои сохтмонӣ иттилоот гирад;

2) ба раванди корҳои сохтмонӣ шинос шавад;

3) аз ширкати сохтмонӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои барасмиятдарории  ҳуқуқи моликият ба объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ талаб намояд;

4) аз ширкати сохтмонӣ бартараф намудани камбудиҳоро дар давраи муҳлати кафолати сифати сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ талаб намояд;

5) тибқи қонунгузорӣ ҳиссаи худро ба мерос гузорад ва дигар аҳдҳои гражданӣ-ҳуқуқиро анҷом диҳад;

6) шартномаро дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур бекор ва маблағи пардохтшударо талаб намояд;

7) дигар ҳуқуқҳоро тибқи талаботи қонунгузорӣ ва шартҳои шартнома амалӣ  намояд.

  1. Ҳиссагузор уҳдадор аст:

1) нархи шартномаро дар муҳлат пардохт намояд;

2) на дертар аз як моҳи қабули объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ аз ширкати сохтмонӣ ҳуҷҷатҳои дахлдорро дастрас намуда, ҳуқуқ ба моликиятро ба расмият дарорад;

3) дигар уҳдадориҳоро тибқи талаботи қонунгузорӣ ва шартҳои шартнома иҷро намояд.

 

Моддаи 27. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ширкати сохтмонӣ

  1. Ширкати сохтмонӣ ҳуқуқ дорад:

1) аз ҳиссагузор ҳуҷҷатҳои заруриро барои бастан ва иҷрои шартнома талаб намояд;

2) аз ҳиссагузор пардохти нарх дар шартномаро тибқи шартҳои он талаб намояд;

3) шартномаро бо ҳиссагузор дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва шартҳои шартнома тағйир ва бекор намояд;

4) дигар ҳуқуқҳоро тибқи талаботи қонунгузорӣ ва шартҳои шартнома амалӣ  намояд.

  1. Ширкати сохтмонӣ уҳдадор аст:

       1) маълумотномаи лоиҳаро дар сомонаи расмии худ нашр ва дар ҷойи ба нақша гирифташудаи сохтмони бинои истиқоматӣ васл намояд;

2) риояи қоидаҳои корҳои сохтмонӣ-васлнамоӣ, бехатарӣ ва сифати масолеҳи сохтмониро таъмин намояд;

3) ба мақоми ваколатдори давлатӣ маълумотномаи лоиҳа ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод намояд;

4) воситаҳои пулии пардохтнамудаи ҳиссагузоронро танҳо барои сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ истифода намояд;

5) ба муроҷиати ҳиссагузор оид ба раванди сохтмон ҷавоб пешниҳод намояд;

6) нигоҳдории таҷҳизотҳои дар бинои истиқоматӣ васлгардидаро то супоридани онҳо ба ҳиссагузорон таъмин намояд;

7) объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматиро барои истифодабарӣ дар муҳлати шартнома пешниҳод намояд;

 8) нусхаи санади қабули объекти сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматиро ба ҳиссагузор дастрас намояд;

9) дар муҳлати бист рӯзи корӣ аз лаҳзаи бекор кардани шартнома воситаҳои пулии ҳиссагузорро пурра баргардонад ва ҳангоми ба таъхир гузоштани он ноустуворонаро тибқи шартнома пардохт намояд;

10) дигар уҳдадориҳоро тибқи талаботи қонунгузорӣ ва шартҳои шартнома иҷро намояд.

 

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 Моддаи 28. Ҳалли баҳсҳо вобаста ба сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ

Баҳсҳо вобаста ба сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ бо созиши тарафҳо, тариқи судӣ  ё дигар тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 29. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 30. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

Проект

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ДОЛЕВОМ СТРОИТЕЛЬСТВЕ ЖИЛОГО ДОМА

 

Настоящий закон регулирует общественные отношения в сфере долевого строительства жилого дома, создаёт условия для доступа к жилью, защищает законные интересы дольщиков и строительных компаний.

 

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

 

Статья 1. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

1) жилой дом - многоэтажный дом, состоящий из площади жилого, административно-сервисного назначения, строящийся с привлечением денежных средств дольщиков;

2) жильё в жилом доме - площадь, состоящая из нескольких комнат, подсобной площади, благоприятных условий и отдельного входа;

3) объект долевого строительства жилого дома - площадь жилого, административно-сервисного назначения в жилом доме;

4) долевое строительство жилого дома - дом, возводимый строительными компаниями с привлечением денежных средств дольщиков;

5) дольщик - физические и юридические лица, заключающие со строительной компанией договор с целью получения объекта долевого строительства жилого дома;

6) доля в жилом доме - площадь объекта долевого строительства жилого дома, а также инженерно-технологическое оборудование, сдаваемое дольщику для исполнения договора;

7) договор о долевом строительстве жилого дома (далее - договор) - соглашение между дольщиком и строительной компанией, соблюдая условия и сроки которого дольщик обязуется выплатить строительной компании установленную сумму, а строительная компания обязуется построить и сдать объект долевого строительства жилого дома после получения акта государственной комиссии о приёме дома;

8) строительная компания - юридические лица, строящие жилые дома с привлечением денежных средств дольщиков в соответствии с законодательством.

 

Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан о долевом строительстве жилого дома

Законодательство Республики Таджикистан о долевом строительстве жилого дома основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.

 

Статья 3. Сфера применения настоящего Закона

  1. Настоящий Закон регулирует отношения между строительными компаниями и дольщиками на основе договора, связанного с долевым строительством жилого дома.
  2. Настоящий Закон не регулирует следующие отношения:
  • инвестирование в долевое строительство жилого дома;
  • строительство объектов производственного назначения.

 

 Статья 4. Объект долевого строительства жилого дома

К объектам долевого строительства жилого лома относится площадь следующего назначения:

  • жилая;
  • административная и сервисная.

 

Статья 5. Основные принципы долевого строительства жилого дома

Долевое строительство жилого дома основывается на следующих принципах:

1) равноправие сторон;

2) обеспечение прозрачности;

3) доступ к жилью;

4) ответственность сторон.

 

ГЛАВА 2. ГОСУДАРСТВЕННОЕ УПРАВЛЕНИЕ В СФЕРЕ ДОЛЕВОГО СТРОИТЕЛЬСТВА  ЖИЛОГО ДОМА

 

Статья 6. Государственная политика в сфере долевого строительства жилого дома

Государственная политика в сфере долевого строительства жилого дома состоит из следующих целей:

1) обеспечение граждан доступным жильём, создание достойных условий;

2) пропорциональное устойчивое развитие городов и других административно-территориальных единиц;

3) улучшение доступа к жилью посредством развития рынка ипотечного кредитования;

4) создание эффективного механизма правовой гарантии дольщиков и строительных компаний;

5) создание механизмов стимулирования в целях внедрения современных технологий и поэтапного запрета старых методов.

 

Статья 7. Полномочия Правительства Республики Таджикистан

Правительство Республики Таджикистан в сфере долевого строительства жилого дома наделено следующими полномочиями:

  • продвижение государственной политики;
  • определение полномочного государственного органа;
  • разработка и утверждение нормативных правовых актов;
  • осуществление в соответствии с законодательством других полномочий.

 

Статья 8. Полномочия государственного компетентного органа

Государственный компетентный орган в сфере долевого строительства жилого дома имеет следующие полномочия:

1) обеспечение реализации государственной политики;

2) принятие нормативных правовых актов в рамках своих полномочий;

3) составление и продвижение реестра регистрации договоров и строительных компаний посредством электронного информационного портала;

4) составление и утверждение типового договора;

5) контроль и обеспечение прозрачности деятельности строительных компаний;

6) осуществление соответствующих мер по устранению случаев несоблюдения строительными компаниями градостроительного законодательства;

7) осуществление других полномочий в соответствии с законодательством.

 

ГЛАВА 3. ОРГАНИЗАЦИЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ В СФЕРЕ ДОЛЕВОГО СТРОИТЕЛЬСТВА ЖИЛОГО ДОМА

 

Статья 9. Справочник проекта долевого строительства жилого дома

  1. Справочник проекта включает в себя информацию о строительной компании и проекте жилого дома.
  2. При внесении изменений в справочник проекта строительная компания обязана в трёхдневный срок письменно оповестить дольщиков о таких изменениях.

 

Статья 10. Сведения о строительной компании

  1. В справочнике предусматриваются следующие сведения о строительной компании:

1) полное название, месторасположение строительной компании и её учредителя (учредителей);

2) дата и номер свидетельства о государственной регистрации строительной компании;

3) разрешение строительной компании на осуществление строительных и монтажных работ с указанием порядкового номера, даты и срока его действия;

4) справка о привлечении кредитных средств к долевому строительству жилого дома.

  1. В случае привлечения к строительным и монтажным работам подрядной организации, строительная компания представляет дополнительные сведения в соответствии с первой частью данной статьи.
  2. Сведения о строительной компании предоставляются дольщикам при заключении договора для ознакомления, а также размещаются на официальном сайте строительной компании.

 

Статья 11. Сведения о проекте долевого строительства жилого дома

  1. В проекте долевого строительства жилого дома предусматриваются следующие сведения:

1) название, дата, номер постановления о выдаче земельного участка и другие документы, удостоверяющие право его пользования;

2) срок начала и завершения;

3) месторасположение строящегося здания, его рисунок, территория и площадь земельного участка;

4) проектная стоимость;

5) площадь и количество квартир в жилом доме, другая площадь административного и сервисного назначения;

6) стоимость квадратного метра жилья в жилом доме и другой площади административного и сервисного назначения.

  1. Сведения о проекте долевого строительства жилого дома предоставляются дольщикам при заключении договора для ознакомления, а также размещаются на официальном сайте строительной компании.
  2. Оригинальная копия проекта долевого строительства жилого дома хранится в строительной компании и осуществляется ею.

 

Статья 12. Срок сдачи объекта долевого строительства жилого дома   

  1. Строительная компания обязана в установленные договором сроки сдать дольщикам объект долевого строительства жилого дома, за исключением случаев, предусмотренных настоящим Законом.
  2. В случае не завершения строительства в установленные договором сроки, строительная компания обязана не позднее месячного срока предоставить соответствующую информацию дольщикам в письменной форме.
  3. На основании согласия сторон возможно изменение срока предоставления строительства и его прекращения в одностороннем порядке.
  4. Строительная компания после получения акта государственной приёмной комиссии сдаёт дольщикам объект долевого строительства жилого дома.
  5. Строительная компания не позднее одного месяца до завершения срока предоставления жилого дома обязана оповестить дольщиков о завершении строительства.
  6. В случае несоответствия жилого дома требованиям, предусмотренным настоящим Законом, дольщики вправе требовать от строительных компаний составления акта с указанием несоответствия требованиям и воздержаться от подписи акта приёма до момента выполнения строительной компанией своих обязательств, указанных в настоящем Законе.
  7. Дольщик обязан в течение одного месяца принять свою долю в жилом доме.
  8. В случае непринятия в срок дольщиком объекта долевого строительства жилого дома по причинам, не зависящим от строительной компании, или отсутствия возможности для установления адреса дольщика, по истечении шести месяцев строительная компания вправе совместно с полномочным органом составить акт с указанием причин, не позволяющим предоставить дольщику объекта строительства. В таком случае угроза ущерба, разрушения или ликвидации объекта строительства в соответствии с составленным актом будет считаться перешедшей к дольщику. 

 

Статья 13. Государственная регистрация прав собственности дольщика на объект долевого строительства жилого дома

  1. Строительная компания в течение одного месяца после приёма жилого дома для эксплуатации обязана предоставить дольщику конечную стоимость объекта долевого строительства жилого дома. После полной оплаты стоимости объекта долевого строительства жилого дома строительная компания обязана в течение трёх рабочих дней представить дольщику необходимые документы для оформления права собственности на указанный объект.
  2. Полномочный орган государственной регистрации недвижимого имущества и прав на него обязан при представлении необходимых документов зарегистрировать прав собственности на объект долевого строительства жилого дома.

 

Статья 14. Устранение препятствий и компенсация при начале долевого строительства жилого дома

  1. Перед началом строительных работ, в случае наличия препятствий для строительства, строительная компания в установленном законодательством порядке устраняет имеющиеся препятствия.
  2. В целях защиты прав собственников и обеспечения социальной справедливости строительная компания восстанавливает ущерб недвижимого имущества физических и юридических лиц с их согласия.
  3. Строительная компания с согласия собственников оформляет нотариально заверенный договор об обеспечении их временным жильём и сносе с условием дальнейшего обретения ими права собственности на жильё во вновь возведенных жилых домах.

 

Статья 15. Страхование гражданско-правовой ответственности строительных компаний

  1. Строительная компания вправе страховать риск своей гражданско-правовой ответственности за выполнение или не выполнение должным образом своих обязанностей по строительству объекта долевого строительства жилого дома.
  2. Страхование гражданско-правовой ответственности строительной компании осуществляется в соответствии с законодательством.

 

ГЛАВА 4. ДОГОВОР ДОЛЕВОГО СТРОИТЕЛЬСТВА ЖИЛОГО ДОМА

 

Статья 16. Предмет и заключение договора долевого строительства жилого дома

  1. Предмет договора составляют правовые отношения сторон, связанные с долевым участием и долевым строительством жилого дома.
  2. Основанием для заключения договора является подача письменного заявления физическими и юридическими лицами в строительную компанию.
  3. Строительная компания обязана наладить регистрацию заявления физических и юридических лиц для заключения договора.
  4. Договор заключается строительной компанией в порядке поступления заявления от физического или юридического лица.
  5. Перед заключением договора дольщик вправе, наряду со сведениями, предусмотренными в статьях 10 и 11 настоящего Закона, требовать от строительной компании следующие сведения и документы:

1) документы о создании строительной компании;

2) копия выписки Единого государственного реестра юридических лиц и индивидуальных предпринимателей.

 

Статья 17. Стороны договора долевого строительства жилого дома 

  1. Сторонами договора являются дольщик и строительная компания.
  2. В качестве дольщика могут выступать лишь граждане Республики Таджикистан. Другие физические и юридические лица могут участвовать в качестве дольщиков лишь в предусмотренных законодательством случаях.
  3. В качестве строительных компаний могут выступать лишь юридические лица Республики Таджикистан. Другие юридические лица могут участвовать в качестве строительных компаний лишь в предусмотренных законодательством случаях.
  4. В случае смерти дольщика его права и обязательства в соответствии с законодательством и договоров переходят к его наследникам и строительная компания не вправе отказать им во вступлении в договор.
  5. В случае реорганизации строительной компании её универсальное правопреемство, вытекающее из договора, будет установлено общими правилами гражданского законодательства.

 

Статья 18. Общие условия договора долевого строительства жилого дома  

  1. Договор состоит из следующих важных условий:

1) название и месторасположение долевого строительства жилого дома;

2) этаж и площадь дольщика в жилом доме;

3) стоимость квадратного метра объекта долевого строительства жилого дома;

4) размер, порядок и срок оплаты стоимости объекта долевого строительства жилого дома;

5) срок начала  и сдачи объекта долевого строительства жилого дома;

6) условия и порядок возврата денежных средств дольщика в случае расторжения договора;

7) размер неустойки за невыполнение требований договора сторонами;

8) срок гарантии качества объекта долевого строительства жилого дома;

  1. В случае игнорирования указанных условий, договор считается недействительным.

 

Статья 19. Форма и государственная регистрация договора долевого строительства

  1. Договор долевого строительства жилого дома заключается в письменной форме и считается заключенным с момента его государственной регистрации.
  2. Государственная регистрация указанного договора осуществляется государственным полномочным органом на основании письменного заявления строительной компании.
  3. Порядок государственной регистрации договора определяет полномочный государственный орган.

 

Статья 20. Требования к государственной регистрации договора долевого строительства жилого дома

  1. Строительная компания в течение десяти рабочих дней с момента подписания сторонами договора предоставляет три его копии государственному полномочному органу для экспертизы соответствия требованиям настоящего Закона и справку проекта.
  2. Полномочный государственный орган в течение пяти рабочих дней осуществляет государственную регистрацию, ставит печать на каждой копии и сдаёт их строительной компании. В случае наличия несоответствия возвращает его строительной компании для устранения недостатков.
  3. Государственный полномочный орган после регистрации, в установленном порядке представляет в налоговый орган реестр договоров, внесённые в них изменения, и расторгнутые договоры в электронной форме.

 

Статья 21. Стоимость в договоре долевого строительства жилого дома  

  1. Стоимость в договоре определяется с согласия сторон. С согласия сторон стоимость в договоре может быть изменена после его заключения.
  2. Наличные и безналичные расчёты, другие его формы между сторонами могут производиться лишь после регистрации договора в государственном полномочном органе.
  3. Стоимость перечисляется дольщиком в предусмотренных указанной статьёй этапах на лицевой счёт строительной компании, открытый в финансово-кредитной организации для каждого жилого дома, согласно графику выплат, прилагаемому к договору.
  4. Строительная компания принимает стоимость договора на одном из следующих этапах:

1) после государственной регистрации договора – оплата 30 процентов его стоимости, оставшаяся сумма – каждый месяц до завершения долевого строительства жилого дома;

2) после государственной регистрации договора – оплата 30 процентов его стоимости, оставшаяся сумма – каждые три месяца до завершения долевого строительства жилого дома;

3) оплата первого этапа после государственной регистрации договора – 30 процентов его стоимости, второго этапа - после завершения каркаса объекта долевого строительства жилого дома дольщиков – 40 процентов стоимости, третьего этапа – после получения акта государственной приёмной комиссии и сдачи в эксплуатацию жилого дома – 30 процентов стоимости договора.

  1. Строительная компания не вправе разом требовать оплаты всей суммы договора. Полная оплата стоимости договора осуществляется лишь с согласия дольщика.

 

Статья 22. Гарантия качества в договоре долевого строительства жилого дома

  1. Строительная компания обязана предоставить объект долевого строительства жилого дома дольщику с учётом качества, предусмотренного в условиях договора и требований проектно-расходной документации.
  2. В случае нарушения строительной компанией условий договора или обязательных требований, установленных частью первой настоящей статьи, повлекшего за собой ухудшение качества долевого строительства жилого дома, дольщик вправе требовать от строительной компании:

1) бесплатного устранения недостатков;

2) относительного снижения стоимости договора;

3) компенсации расходов, связанных с устранением недостатков.

  1. Срок гарантии качества долевого строительства жилого дома и инженерно-технологического оборудования, являющегося составной частью строительного объекта, устанавливается в договоре на срок не менее двух лет.
  2. Строительная компания не несет ответственности за недостатки объекта долевого строительства, выявленные в течение срока гарантии, если докажет, что эти недостатки возникли вследствие неправильного или несоответствующего ремонта со стороны дольщика или третьих лиц.
  3. В случае невыполнения требований договора по гарантиям качества со стороны строительной компании, дольщик вправе обратиться с исковым заявлением в суд для компенсации причиненного ущерба.

 

Статья 23. Уступка права требования согласно договору долевого строительства жилого дома

  1. Уступка права требования согласно договору разрешается сторонами с момента регистрации договора в полномочном государственном органе до момента подписи акта приёма объекта долевого строительства установленного жилого дома.
  2. Уступка права требования осуществляется путём заключения дополнительного соглашения к основному соглашению. В дополнительном соглашении предусматриваются сведения об установленной доле и стоимости, которые уступает дольщик, и на которые приобретает права требования новый дольщик.
  3. Уступка права требования осуществляется согласно условиям договора и в установленном законодательством порядке.

 

Статья 24. Исполнение обязательств согласно договору долевого строительства жилого дома

  1. Обязательства дольщика считаются исполненными с момента оплаты в полном объеме установленной договором стоимости и приёма объекта долевого строительства.
  2. Обязательства строительной компании считаются исполненными после сдачи в эксплуатацию жилого дома и истечение срока гарантии качества.
  3. Риск случайного ущерба или уничтожения объекта долевого строительства жилого дома до сдачи его дольщику является обязательством строительной компании. После подписания акта приёма объекта долевого строительства жилого дома риск случайного ущерба или уничтожения переходит к дольщику.

 

Статья 25. Изменение или расторжение договора долевого строительства жилого дома

  1. Заключенный договор может быть изменён по соглашению сторон.
  2. По требованию дольщика договор может быть расторгнуть в следующих случаях:

1) неисполнения обязательства строительной компании по предоставлению объекта долевого строительства жилого дома, срок сдачи которого превысил более трёх месяцев;

2) изменения проектной документации жилого дома, в конструкцию которого входят объекты долевого строительства, а также площадь объекта долевого строительства;

3) неисполнения строительной компанией требований настоящего Закона;

4) несоблюдения требований условий договора.  

  1. По требованию строительной компании договор может быть расторгнуть в случае несоблюдения требований договора.
  2. В случае изменения или расторжения договора сторонами, строительная компания обязуется в течение семи рабочих дней представить об этом соответствующие документы в полномочный государственный орган.

 

Статья 26. Права и обязанности дольщика

  1. Дольщик имеет право:

1) получать сведения о справочнике проекта и строительных работах;

2) ознакомиться с ходом строительных работ;

3) требовать от строительной компании следующие документы для оформления права собственности на объект долевого строительства жилого дома;

4) требовать от строительной компании устранения недостатков в период действия гарантии качества долевого строительства жилого дома;

5) в соответствии с законодательством оставить в наследство свою долю и осуществлять другие гражданско-правовые договоры;

6) расторгнуть договор в установленных настоящим Законом случаях и требовать выплаченную сумму;

7) осуществлять другие права в соответствии с законодательством и условиями договора.

  1. Дольщик обязан:

1) оплатить стоимость проекта в срок;

2) не позднее одного месяца после приёма объекта долевого строительства жилого дома получить в строительной компании соответствующие документы и оформить права на собственность;

3) выполнять другие обязательства согласно законодательству и условиям договора.

 

Статья 27. Права и обязанности строительной компании  

  1. Строительная компания имеет право:

1) требовать от дольщика необходимые документы для заключения и выполнения договора;

2) требовать от дольщика оплаты стоимости в договоре согласно его условиям;

3) изменить и расторгнуть договор с дольщиком в случаях, установленных законодательством и условиями договора;

4) осуществлять другие права в соответствии с законодательством и условиями договора.

  1. Строительная компания обязана:

1) опубликовать справочник проекта на своём официальном сайте и разместить его на запланированном месте строительства жилого дома;

2) обеспечить правила строительно-монтажных работ, безопасность и качество строительных материалов;

3) предоставлять в государственный орган справочник проекта и другие соответствующие документы долевого строительства жилого дома;

4) использовать внесённые денежные средства дольщиков только для долевого строительства жилого дома;

5) представить ответ на обращения дольщиков о ходе строительства;

6) обеспечить содержание установленного в жилом доме оборудования до сдачи их дольщикам;

7) сдать объект долевого строительства жилого дома для эксплуатации в срок договора;

8) представить дольщикам копию приёма объекта долевого строительства жилого дома;

9) в течение двадцати рабочих дней с момента расторжения договора в полном объеме возвращать денежные средства дольщиков, а в случае его задержки в соответствии с договором выплатить неустойку;

10) выполнять другие обязательства в соответствии с законодательством и условиями договора.

 

ГЛАВА 5. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

 

Статья 28. Решение споров, связанных с долевым строительством жилого дома

Споры, связанные с долевым строительством жилого дома, разрешаются по согласию сторон, судом или в другом порядке, установленном законодательством.

 

Статья 29. Ответственность за нарушение требований настоящего Закона

Физические и юридические лица за несоблюдение требований настоящего Закона привлекаются к ответственности в порядке, установленном законодательством.

 

Статья 30. Порядок введения в действие настоящего Закона

Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

 

 

 Президент

Республики Таджикистан

 

 

         

 

     

 

 

Ҳуҷҷатҳои иловагӣ L00042-HI-asos.pdf
Таҳлили таъсири танзимкунӣ вобаста ба муносибатҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ L00042-TTT-ttt.pdf
Санаи оғози машварати оммавӣ 19.04.2022
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 19.05.2022
Дастрас он-лайн
Хулосаи мақоми ваколатдор оид ба ТТТ L00042-MMK-#42-Hulosa-TTT.pdf
Қабул шуд Дар барраси
Мутасаддӣ оид ба таҳияи лоиҳаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Маркази миллии қонунгузорӣ
Нусхаи ниҳоӣ
Санаи нусхаи ниҳоӣ 24.05.2022
Санаи ворид 19.04.2022
Админ 0