Рақам |
119
|
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Бонки миллии Точикистон
|
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад |
Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
|
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
30.04.2025
|
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
31.12.2025
|
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Тартиб
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ |
Тартиби ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои суғуртавӣ
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ |
Порядок раскрытия информации о страховых услугах
|
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо |
22.05.2025
|
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Бинобар ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” (аз 01.02.2024 №2045) зарурат боиси таҳияи гардидани лоиҳаи тартиби мазкур пайдо шуд.
Лоиҳаи Тартиби ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои суғуртавӣ мутобиқи сархати ёздаҳуми қисми 4 моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми суғуртавӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқӣ ва таҳкими боварии аҳолӣ ба фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ таҳия гардида, талаботи ҳадди ақал ва қоидаҳои ягонаи асосии ифшо ва нашр намудани маълумот дар бораи хизматрасониҳои суғуртавиро ба истеъмолкунандагони ташкилотҳои суғуртавӣ муқаррар менамояд.
Дар ҳолати қабул нагардидани Тартиби мазкур ин норасои метавонад боиси номуназзамии шароити мусоид барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми суғуртавӣ ва кам гардидани эътимоди аҳолӣ ба фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ гардад.
Илова бар ин, ба таври номатлуб иҷро кардани уҳдадориҳо, ё ин ки муайян набудани механизми пешниҳоди муроҷиатҳо ба истеъмолкунандагон, ки аз фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ бармеоянд, аз ҷумла ифшои маълумоти сирри тиҷоратии ташкилоти суғуртавӣ ва маълумоти шахсии суғурташаванда, оид ба дурустӣ, воқеят, пуррагӣ ва сари вақт пешниҳод намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, метавонад ба шароити молиявии истеъмолкунанда таъсири манфӣ расонад.
|
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Бонки миллии Тоҷикистон мақоми танзиму назорат ва батанзимдарории ташкилотҳои суғуртавӣ буда, стандартҳои назорати фаъолияти онҳоро таҳия намуда, тартиби татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои худро муқаррар менамояд.
Мақсади Таҳияи лоиҳаи Тартиби ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои суғуртавӣ ин фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми суғуртавӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқӣ ва таҳкими боварии аҳолӣ ба фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ таҳия гардида, талаботи ҳадди ақал ва қоидаҳои ягонаи асосии ифшо намудани маълумот дар бораи хизматрасониҳои суғуртавиро ба истеъмолкунандагони ташкилотҳои суғуртавӣ муқаррар менамояд.
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Тартиби ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои суғуртавӣ ифшои маълумот дар се давраи хизматрасонӣ: пеш аз бастани шартнома, ҳангоми бастани шартнома ва дар мурури амали шартномаро бо истеъмолкунандаи хизматрасониҳои низоми суғуртавӣ муайян намуда, чунин чораҳои мушаххаси зеринро дар бар гирифтааст:
- талаботҳои умумӣ ҳангоми ифшо намудани маълумот дар бораи хизматрасониҳои ташкилотҳои суғуртавӣ ба истеъмолкунандагони хизматрасониҳои ташкилотҳои суғуртавӣ;
- талабот оиди ифшои маълумот ба истеъмолкунанда то бастани шартнома;
- талабот оиди маълумоти ҳадди ақалл дар шартномаҳои хизматрасонии суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ;
- талабот оиди маълумоти ҳадди аққал дар муддати эътибори шартнома ифшошаванда;
- ҷораҳо оиди тадбирҳои назорати талабот оид ба ифшои маълумот;
- ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботҳои мазкур.
|
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Бо қабул гардидани лоиҳаи Тартиби ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои суғуртавӣ ба механизми пешниҳоди маълумоти дақиқ дар бораи ифшои маълумот аз ҷониби субъектҳои ҳисоботдиҳанда ба истеъмолкунандагони низоми суғуртавӣ мушаххасан танзим карда мешавад.
Бидуни қабули чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳал намудани мушкилоти ҷойдошта ва танзими масъалаи мазкур, инчунин иҷрои талаботи санадҳои болозикр дар ин самт ғайриимкон мебошад.
|
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули Тартиби мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.
Дар сурати қабул гардидани Тартиби мазкур шароити мусоид барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми суғуртавӣ фароҳам оварда шуда, сатҳи миёнаравии молиявӣ баланд бардошта мешавад ва таҳкими боварии аҳолӣ ба фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ меафзояд.
Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:
- таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои хизматрасонии суғуртавӣ;
- баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии аҳолӣ ба ташкилотҳои хизматрасонии суғуртавӣ;
- таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии суғуртавӣ;
- баланд бардоштани салоҳиятнокии кормандони ташкилотҳои хизматрасонии суғуртавӣ, вобаста ба ифшои маълумот.
Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:
- барои пешгирии хавфҳои муфлисшавии ширкатҳои суғуртавӣ ва зиёд гардидани эътимоднокӣ ба низоми суғуртавӣ мусоидат менамояд;
- ҳама ширкатҳо тибқи як меъёр фаъолият мекунанд, ки ин ба коҳиши рақобати ноодилона ва нархгузории номақбул мусоидат мекунад;
- назорати доимӣ имконият медиҳад, ки хавфҳои эҳтимолӣ сари вақт ошкор ва безарар гардонида шаванд, то ба низоми суғуртавии кишвар таъсир нарасонанд;
- низоми танзими устувор ва фаҳмо барои сармоягузорон ҷолибтар буда, метавонад сармоягузории дохилӣ ва хориҷиро ба бахши суғурта ҷалб намояд.
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор |
22.05.2025
|
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа |
Дар барраси
|
Хулосаи/Замимаи ММҚ |
|
Тамоси таҳиякунанда |
ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
|
Санаи нашр |
22.04.2025
|
Дастрас он-лайн |
|