Рақам 120
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амвол
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 20.05.2025
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.08.2025
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қонун
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Проект закона Республики Таджикистан «О концессиях и государственно-частном партнерстве»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 23.05.2025
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Таҳия ва қабули қонуни сифатан нави пешрафта дар соҳаи консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ марҳилаи нав дар мураттабсозии қонунгузорӣ кори ояндадор ва умедбахш буда, он ба сафарбар кардани қувва ва воситаҳои зеҳнӣ, ҷамъиятӣ, илмӣ ва касбӣ ниёз дорад.

Имрӯз қонунгузории соҳаи консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳаҷман хеле калон шуда, масъалаи татбиқи он мубрам шудааст. Бо дарназардошти мавҷудияти ду санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ба самтҳои гуногун инкишоф ёфтани қонунгузории соҳаҳои мазкур, риоя нашудани принсипи қонунэҷодкунӣ аз лиҳози ягонагии қонунгузории консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - ҶТ) мухолифат ва норасоиҳоро дар қонунгузории соҳа ба вуҷуд овардаанд.

Сарфи назар аз ташаккули зуҳуроти калони ҳуқуқӣ ва корҳои зиёди анҷомёфта раванди ташаккули қонунгузории шарикии давлат ва бахши хусусӣ то ҳол анҷом наёфта, такмили хоссаро талаб мекунад.

Барои ин пеш аз ҳама зарур аст, ки дар баробари самтнокӣ ва диққат ба хусусиятҳои ҳар як соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ба масъалаҳои ҳамоҳангӣ, ҳамкорӣ ва аз лиҳози принсипи ягонагии қонунгузории ҶТ муносибат намудан диққат дода шавад.

Таҷдиди назар ба қонунгузории соҳаи консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусии имрӯз ногузир буда, амалишавии ҳарчи зудтари он барои пешрафти иқтисодиёти кишвар аҳаммияти калон дорад.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонун таҷдиди назар намудани қонунгузорӣ оид ба консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ барои истифодаи васеи механизми шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва консессияҳо дар доираи як қонун мебошад. Мақсади кодификатсия ин бартараф намудани номутобиқатӣ ва кам намудани шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳаммонанд мебошанд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ» (минбаъд – лоиҳаи Қонун) дар асоси сархати шонздаҳуми қисми 3 параграфи 5.4 боби 5 Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ва банди 81 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №168 тасдиқ гардидааст, таҳия ва пешниҳод карда мешавад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Тибқи лоиҳаи мазкур заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ тибқи таҷрибаи байналмилалӣ такмил дода шуда, ҷиҳати рушди минбаъдаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи хусусӣ механизмҳои нави дастгирии давлатӣ ва кафолатҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешбинӣ карда шуда, расмиёти пешниҳод ва тасдиқи лоиҳаҳо содда гардонида шудааст.

Лоиҳаи Қонуни мазкур бо назардошти таҷрибаи давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиё ҷиҳати татбиқи самараноки механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, таҷрибаи татбиқи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба ҳамгироии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ва «Дар бораи консессияҳо» равона шудааст.

Дар лоиҳа чораҳои зерин пешбинӣ гардидааст: лоиҳаи Қонун аз 7 боб ва 49 модда иборат буда, бобҳои лоиҳаи Қонун фарогири масъалаҳои идоракунии давлатӣ дар самти фаъолияти консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тартиб ва шартҳои ба бахши хусусӣ додани объектҳои консессионӣ ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ, созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷонибҳои созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо, инчунин дастгирии давлатӣ ва кафолатҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешбинӣ шудааст.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Лоиҳаи Қонуни мазкур муносибатҳо вобаста ба консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусиро танзим намуда, тартиби амалисозии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро муайян ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии давлат ва бахши хусусиро таъмин месозад.

Ҷиҳати таҳияи лоиҳаи мазкур фаҳмондадиҳи миёни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар муносибатҳои мазкур иштирок менамоянд, инчунин семинарҳо ва муарифии лоиҳаи мазкур гузаронида шудааст.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Татбиқи лоиҳаи мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

  • бартараф намудани номутобиқатӣ:
  • кам намудани шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳаммонанд;
  • фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ барои истифодаи васеи механизми шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва консессияҳо;
  • мустаҳкамгардии муносибатҳо оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
  • ҳимояи ҳуқуқҳои қарздиҳандагон;
  • мураттабсозии қонунгузории шарикии давлат ва бахши хусусӣ.

Оқибатҳои иқдисодии лоиҳаи мазкур:

  • пешрафти иқтисодиёти кишвар;
  • ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ
  • ҷалби сармояи хусусӣ;

механизмҳои нави дастгирии давлатӣ ва кафолатҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 20.05.2025
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе к. Шохтемур 27, 900320009, i.isfandiyor_83@mail.ru
Санаи нашр 23.04.2025
Дастрас он-лайн