Рақам |
121
|
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амвол
|
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад |
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ
|
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
15.08.2025
|
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
01.10.2025
|
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қарор
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ |
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи усули арзёбии таъсирбахшии соҳибкории иҷтимоӣ"
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ |
Постановление Правительства Республики Таджикистан "Об утверждение методики оценки воздействия социального предпринимательства"
|
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо |
14.08.2025
|
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи усули арзёбии таъсирбахшии соҳибкории иҷтимоӣ» ҷиҳати муайян кардани дараҷаи таъсири субъектҳои соҳибкории иҷтимоӣ вобаста ба паст кардани сатҳи бекорӣ, тавсеаи фарогирӣ дар соҳаи шуғл, беҳтар намудани сохтори иҷтимоӣ ва некӯаҳволии гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ, инчунин рафъи дастрасии маҳдуд ба хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ равона карда мешавад.
Усули мазкур бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, инчунин дар асоси шароиту захираҳои воқеии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда, таҳия карда мешавад. Ҳамин тариқ, лоиҳаи Усули пешниҳодшаванда ба баланд бардоштани самаранокии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» нигаронида шуда, ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ин самт комилан мувофиқ арзёбӣ мегардад. Усул хусусияти ба иҷтимоӣ нигаронидашудаи сохтори давлатиро, ки дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, инъикос намуда, ба татбиқи амалии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат мекунад, ки дар он зарурати ҷорӣ намудани механизмҳои нави татбиқи сиёсати иҷтимоии давлатӣ тавассути институтсионализатсияи соҳибкории иҷтимоӣ таъкид мешавад. Илова бар ин, дар Усул муқаррароти Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки татбиқи марҳилаи рушди соҳибкории иҷтимоиро ҳамчун яке аз воситаҳои рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ менамояд, ба назар гирифта мешавад.
Ҳамин тариқ, ҳарчи зудтар ҷоринамоӣ ва коркарди ҳамаҷонибаи Усули арзёбии таъсирбахшии соҳибкории иҷтимоӣ бояд яке аз унсурҳои асосӣ ва ангезаҳои тавоно барои рушди босамари ин бахш дар кишвар дониста шавад. Ин на танҳо ба баланд бардоштани самаранокии ташаббусҳои соҳибкории иҷтимоӣ мусоидат мекунад, балки назорати муассирро барои ноил шудан ба ҳадафҳои афзалиятноки стратегии иҷтимоию иқтисодии аз ҷониби давлат муқарраргардида таъмин менамояд.
Аз ин лиҳоз, қабули Усули арзёбии таъсирбахшии соҳибкории иҷтимоӣ тадбири саривақтӣ ва аз ҷиҳати мантиқӣ санҷидашуда мебошад, ки ба қонунгузории амалкунандаи соҳа комилан мувофиқ аст. Усул заминаи мустаҳками меъёриро барои татбиқи пурра ва самараноки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» ташкил намуда, ба ин васила ба баланд бардоштани устувори сифати зиндагӣ ва некӯаҳволии табақаҳои осебпазири аҳолӣ мусоидат мекунад.
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи усули арзёбии таъсирбахшии соҳибкории иҷтимоӣ» дар робита ба амалисозии талаботи моддаҳои 10 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №2119 «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо тартиби муқарраргардида пешниҳод карда мешавад.
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Усули арзёбии таъсирбахшии соҳибкории иҷтимоӣ ҷиҳати муқаррар намудани тартиби аз ҷиҳати меъёрӣ асоснок, усулҳо ва шаклҳои банақшагирӣ, ташкил ва гузаронидани арзёбии нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии таъсири фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятии ба соҳибкории иҷтимоӣ равона карда шуда, заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои таъмини баҳодиҳии мунтазами объективӣ ва арзиши иҷтимоӣ, таъсири соҳибкории иҷтимоӣ ба ҷомеаи маҳаллӣ аз нуқтаи назари аҳмиятнокӣ, самаранокӣ, таъсирбахшӣ, устуворӣ ва таъсири иҷтимоии ташаббусҳои татбиқшавандаи онҳо равона гардидааст.
Лоиҳа аз 7 боб ва 32 банд иборат буда, масъалаҳои вобаста ба хусусиятҳои асосии услуби арзёбӣ, воситаҳои андозагирии таъсирбахшии иҷтимоии соҳибкории иҷтимоӣ, тартиби гузаронидани арзёбӣ, рейтинги пасазарзёбӣ барои субъектҳои соҳибкории иҷтимоӣ ва натиҷаҳои арзёбиро дар бар мегирад.
Бояд таъкид кард, ки лоиҳаи Усули таҳияшуда як қатор вазифаҳои иловагиро низ дар назар дорад. Аз ҷумла, таъмини мутобиқати дохилиҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии меъёрҳои қонунгузории танзимкунандаи дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳифзи табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ, инчунин мутобиқ кардани ин меъёрҳо ба воқеияти имрӯзаи иҷтимоию иқтисодӣ ва ниёзҳои ҷомеаи тоҷик мебошад.
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Бо қабули лоиҳаи қарори мазкур ҳамоҳангсозии меъёрҳои қонунгузории танзимкунандаи дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳифзи табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ, инчунин татбиқи пурра ва самараноки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» танзим карда мешавад.
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Татбиқи лоиҳаи қарори мазкур аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Қайд кардан зарур аст, ки Татбиқи он ба ҷалби ояндадори дастгирии ғайридавлатиро дар назар дорад. Илова ба ин, Усул ба татбиқи қарорҳои инноватсионӣ ва тавсиявӣ дар беҳсозӣ ва рушди муҳити соҳибкории иҷтимоӣ мусоидат карда, дар маҷмуъ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат ва дарозмуҳлат мерасонад.
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор |
14.08.2025
|
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа |
Дар барраси
|
Хулосаи/Замимаи ММҚ |
|
Тамоси таҳиякунанда |
ш. Душанбе к. Шохтемур 27, 900320009, i.isfandiyor_83@mail.ru
|
Санаи нашр |
14.07.2025
|
Дастрас он-лайн |
|