Рақам |
122
|
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Бонки миллии Точикистон
|
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад |
Ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти барориш ва эквайринги кортҳои пардохтии бонкиро анҷом медиҳанд.
|
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
30.09.2025
|
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
30.11.2025
|
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қарор
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ |
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 20 майи с. 2011, №100 (Дастурамали №190 "Дар бораи тартиби хизматрасонӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ")
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ |
О внесении изменений и дополнений в Постановление Правления Национального банка Таджикистана от 20 мая 2011 г., № 100 (Инструкцию №190 "О порядке обслуживания посредством банковских платежных карт")
|
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо |
31.08.2025
|
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Дар натиҷаи рушди босуръати технологияҳои пардохтӣ ва тағйирёбии талаботи бозор, зарурат ба такмили низоми барориши кортҳои пардохтӣ, тавсеаи доираи истифодаи онҳо, таҳкими чораҳои амниятӣ ва ба талаботи муосир мутобиқ намудани хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкӣ ба миён омадааст. Дастурамали мавҷудаи №190 баъзе аз талаботи муосири иқтисоди рақамиро, аз қабили истифодаи технологияҳои нав (токенизатсия, пардохтҳои бидуни тамос), стандартҳои байналмилалии амният (PCI DSS, EMV) пурра фаро намегирад. Инчунин, дар дастурамал тартиби барориш ва хизматрасонии кортҳои маҷозӣ ва кортҳои иттиҳодиявӣ ба таври қофӣ шарҳ дода нашудааст. Аз ин лиҳоз, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали амалкунанда ба миён омадааст.
Дар сурати андешида нашудани чораҳо, хавфи афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ, сустшавии сатҳи муҳофизати истеъмолкунандагон, монеаҳои ҳуқуқӣ барои рушди тенологияҳои муосир, аз қабили кортҳои пардохтии маҷозӣ ва токенизатсияи кортҳои пардохтӣ, хавфи истифодаи нодурусти кортҳои иттиҳодиявӣ барои сарпечӣ аз андоз ва назорати молиявӣ, ва номувофиқатии талаботи ҳуқуқӣ бо воқеияти амалӣ ва техникӣ боқӣ мемонад.
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Мақсади дахолати Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба мушкилоти мазкур баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии бонкӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ, таҳкими механизмҳои амнияти молиявӣ, ҳифзи манфиатҳои муштариён ва мутобиқсозии тартибот бо стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Дар лоиҳаи пешниҳодшуда дароз намудани муҳлати эътибори кортҳои беном, тавсеаи имконоти истифодаи кортҳои маҷозӣ, муқаррар намудани талаботи муфассал оид ба кортҳои иттиҳодиявӣ, таҳкими расмиёти дохилии амнияти иттилоотӣ, риояи стандартҳои байналмилалии PCI DSS ва EMV, тартиби ҳамгироии кортҳои пардохтӣ бо замимабарномаҳои мобилӣ ва татбиқи расидҳои электронӣ пешбинӣ карда мешавад.
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои алоҳида, ки ҳангоми барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкӣ сар мезананд, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ мактубҳои иттилоотӣ ва дастурӣ ирсол намудааст. Аммо бинобар сабаби бо суръати баланд рушд кардани технологияҳои пардохтӣ ва рӯз аз рӯз зиёд шудани шумораи ташкилотҳои қарзии молиявӣ чунин чораҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №190 "Дар бораи тартиби хизматрасонӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ" самараноктарин роҳи ҳалли мушкилот ва расидан ба мақсадҳои гузошташуда мебошад, зеро он низоми ягона ва устувори танзимро таъмин мекунад.
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули қарори мазкур хароҷоти мустақимро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад. Бо вуҷуди ин, татбиқи он метавонад хароҷоти муайянро ҷиҳати такмили инфрасохтори пардохтии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба миён орад.
Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ:
- иҷтимоӣ: афзоиши дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои пардохтӣ, баланд шудани сатҳи огоҳии муштариён дар бораи пардохтҳои ғайринақдӣ, коҳиши хавфи қаллобӣ ва беҳтар шудани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ.
- иқтисодӣ: рушди иқтисоди рақамӣ, афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ, коҳиши иқтисоди пинҳонӣ ва баланд шудани рақобатпазирии низоми бонкии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ.
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор |
01.09.2025
|
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа |
Дар барраси
|
Хулосаи/Замимаи ММҚ |
|
Тамоси таҳиякунанда |
ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
|
Санаи нашр |
15.07.2025
|
Дастрас он-лайн |
|