Рақам 11
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд (рӯйхати ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд дар моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом”муайян шудааст)
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 28.11.2019
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 30.12.2019
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №200 “Дар бораи муайян ва санҷидани шахсияти муштарӣ ва молик-бенефитсиар"
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правления Национального банка Таджикистана “О внесении изменений и дополнений в Инструкцию №200 "Об идентификации и проверки личности клиента и бенефициарного собственника"
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 22.12.2019
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Дастурамали №200 “Дар бораи муайян ва санҷидани шахсияти муштарӣ ва молик-бенефитсиар" мутобиқи банди 6 қисми 2 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” ва  таҳия гардида,  тартиби аз ҷониби ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, муайян ва санҷидани шахсияти муштарӣ ва молик бенефитсиарро муқаррар мекунад. Дастурамали мазкур мутобиқ ба тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ оид ба пулшӯӣ (ФАТФ), хусусан тавсияҳои 10, 12 , 22 ва 25 ФАТФ таҳия ва қабул гардидааст.

Қобили қайд аст, ки қатъномаҳои 1617 (2005) ва 2462 (2019) Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид давлатҳоро водор мекунад, ки 40 тавсияҳои ФАТФ-ро риоя намоянд.

Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзо ва муассиси Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) буда, мақсади асосии гурӯҳи мазкур дар давлатҳои аъзо татбиқи стандартҳои байналмилалии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ки дар 40 тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ оид ба пулшӯӣ (ФАТФ)-ро таҷассум ёфтааст, мебошад. Дар 29-ум ҷаласаи Пленарии ГАО, ки дар моҳи ноябри соли 2018 дар ш. Минск баргузор гардид, Ҳисоботи баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул гардид. Дар натиҷа, дар Ҳисоботи мазкур аз ҷониби коршиносон – баҳогузорони ГАО  дар татбиқи тавсияҳои болозикри ФАТФ камбудиҳо муайян гардидааст. Вобаста ба ин, дар сурати бартараф нагардидани ин камбудиҳо риоя нагардидани талаботи тавсияҳои ФАТФ ва мувофиқан иҷро нагардидани қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ба миён меояд.

Бинобар ин, айни замон зарурияти мутобиқ намудани Дастурамал ба тавсияҳои ФАТФ ба миён омадааст, ки бояд аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таҳия карда шавад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Мақсад аз дахолати давлат, яъне қабули Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №200 “Дар бораи муайян ва санҷидани шахсияти муштарӣ ва молик-бенефитсиар" мутобиқ намудани қонунгузорӣ ба тавсияҳои ФАТФ ва бартараф намудани камбудиҳои дар Ҳисоботи баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби коршиносон – баҳогузорони Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО)  ошкор шудааст, инчунин иҷрои Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-апрели соли 2019 тасдиқ шудааст, мебошад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Бо қабул гардидани Қарори мазкур талаботҳои стандартҳои байналмилалии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ки дар тавсияҳои 10, 12 ва 25 ФАТФ таҷассум ёфтааст, дар низоми қонунгузории мамлакат ба пуррагӣ татбиқ карда мешаванд, аз ҷумла:

  1. Мушаххаскунии шахсияти муштарӣ ва молик – бенефитсиар мутобиқ ба тавсияи 10 ФАТФ амалӣ карда мешавад;
  2. Талабот оид ба андешидани чораҳо барои мушаххаскунии шахсони бонуфузи сиёсӣ мутобиқ ба тавсияи 12 ФАТФ ҷорӣ карда мешавад;

     3. Талаботи тавсияи 25 ФАТФ оид ба мушаххас кардани сохтори хориҷии бе ташкили шахси ҳуқуқӣ ҷорӣ карда мешавад.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

 Тағйиру иловаҳои воридшаванда  танҳо дар қисмати ҷорӣ намудани низоми ягонаи мушаххаскунии шахсияти муштарӣ ва молик – бенефитсиари он аз ҷониби ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, дар назар дошта, дар маҷмӯъ барои пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом равона гардидааст. Бидуни таҳияи ин санад иҷрои тавсияҳои ФАТФ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабули Қарори мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани Қарори мазкур қонунгузории кишвар бо талаботи тавсияҳои ФАТФ мутобиқ гардонида мешавад. Ҳамагуна талаботҳо ва маҳдудиятҳо дар доираи Қарори мазкур бо мақсади иҷрои талаботи тавсияҳои ФАТФ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” муқаррар карда мешавад. Қабули Қарори мазкур барои мутобиқ намудани қонунгузорӣ ба тавсияҳои ФАТФ ва тақвият бахшидани низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом равона гардида, хароҷоти иловагиро аз ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, пешбинӣ намекунад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 05.12.2019
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00011-MMK-bonki_millii_№200.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 22.11.2019
Дастрас он-лайн