Рақам 16
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзии исломӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 14.12.2019
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 14.02.2020
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Дастурамал
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Дастурамали №___“Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи дороиҳои ташкилотҳои қарзии исломӣ”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Инструкция № “О порядке формирования и использования резерва и фонда покрытия возможных потерь по активам исламских кредитных организаций”
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 13.01.2020
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

    Бо мақсади рушди низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди хизматрасониҳои бонкӣ, Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани стандартҳои фаъолияти бонкии исломӣ кадамхои устувор гузошта, дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.

     Мавриди зикр аст, ки фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ хусусияти ба худ хос дорад ва танзиму назорати он бояд ҳатман тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ амали гардад. Ташкилотҳои қарзии исломӣ низ монанди ташкилотҳои қарзии анъанавӣ ба маблағгузорӣ дар самтҳои гуногун машғул мебошанд. Илова бар ин, ташкилотҳои қарзии исломӣ метавонанд ба ҳама намуд фаъолиятҳо машғул гарданд, ба монанди истеҳсолот, сохтмон, савдо ва ғ.  Бинобар ин, хатарҳои зиёде имкон дорад садди роҳи фаъолияти онҳо гарданд. Ба ҳамин мақсад, Бонки миллии Тоҷикистон дастурамали мазкурро таҳияи намуда, тарзи ташкил ва истифодаи захира ва фонди пушонидани талафоти имконпазир аз рӯи дороиҳои ташкилотҳои қарзии исломиро пешбинӣ мекунад. Дар Дастурамали мазкур таснифи маблағгузориҳои гуногуни ташкилотҳои қарзии исломӣ, таснифи ҷойгиркуниҳои байнибонкӣ, таснифоти сармоягузориҳо ба қоғазҳои қиматнкои исломӣ, тамдид ва таҷдиди маблағгузории исломӣ пешбинӣ карда шудааст.

      Илова бар ин, ташкилотҳои қарзии исломӣ захираҳои махсуси худро доранд, ки ба мақсади баробаркунии тақсимоти фоида дар ҳолатҳои махсус пешбинӣ гардидаанд. 

       Дар ҳолати кабул нагардидани Дастурамали мазкур хатарҳои зиёд оид ба талафёбии пасандозу амонатҳои муштариён пеш меояд, ки роҳи ягонаи халли он муайян намудани механизми ташкили чунин захираҳо мебошад. 

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

      Мақсад аз таҳияи Дастурамали мазкур - ин беҳтар намудани вазъи молиявии ташкилотҳои қарзии исломӣ, ташкил намудани механизми дурусти идоракунии талафоти имконпазир ва дар мачмуъ дуруст ба роҳ мондани ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи дороиҳои чунин ташкилотҳо, инчунин пешгирӣ намудани намудани ҳолатҳои пардохтнопазирии онҳо мебошад. 

 

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

       Дар заминаи таҳия ва қабул намудани Дастурамали мазкур, тарзи таснифи маблағгузориҳои исломӣ, ташкили фонд барои пушонидани маблағгузориҳои ба таъхирафтода ва таҷдиду аз навсозии ингуна маблағгузориҳо пешбинӣ карда мешаванд. Аз ҷумла:

  • баҳодиҳии сифати дороиҳо, баҳодиҳии вазъи молиявии муштарӣ, пеш бурдани таснифот, муайян кардани арзиши фурӯши молу мулки ба гарав гузошташуда ва ташкил намудани Фонд бояд дар алоҳидагӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ гузаронида шавад, бахусус дар робита бо қарзҳои ба ҳам алоқаманд, қарзҳои шахсони вобаста, ҳамаи қарзҳои ғайрифаъол ва қарзҳои исломӣ/маблағгузориҳои исломӣ аз меъёри муайяншуда калон.
  • чунин баҳодиҳӣ бояд аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ доимо гузаронида шуда, натиҷаҳои он дар парвандаҳои қарзии исломӣ нигоҳ дошта шавад. Дар доираи Дастурамали мазкур, қарзҳои исломӣ/маблағгузориҳои исломӣ аз меъёри муайяншуда калон ин маблағи умумии қарзи қарзгир аст, ки аз 100 000 (сад ҳазор) сомонӣ ё аз 2 фоизи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзии исломӣ зиёд мебошад (бо назардошти он, ки кадоме аз ин маблағҳо камтар аст).
  • ташкилоти қарзии исломӣ барои категорияҳои гуногуни маблағгузориҳои ба таъхирафтода вобаста аз муҳлати таъхир ва намуди асъор фонд ҷудо менамояд.
  • ташкилоти қарзии исломӣ бояд сиёсатҳоро оид ба шароит ва шартҳо барои тамдид ва таҷдиди қарзи исломӣ/маблағгузории исломӣ дошта бошад, ки аз тарафи Шӯрои нозирон тасдиқ шудааст. Ин сиёсатҳо бояд:
  • механизмҳои назоратро барои пешгирии “мунтазам азнавшавии” қарзи исломӣ/маблағгузории исломӣ, ворид кунанд, аз ҷумла муайян кардани ҳолатҳое, ки дар он қарзи исломӣ/маблағгузории исломӣ зиёда аз як бор тамдид ва таҷдид шуда метавонад ва таъсиси сиёсатҳои захиравӣ дар бобати ин гуна қарзи исломӣ/маблағгузории исломӣ;
  • мутобиқати раванди тамдид ва таҷдиди қарзи исломӣ/маблағгузории исломиро бо принсипҳои маблағгузории исломӣ таъмин намояд. Ин сиёсати маъмурӣ оид ба ташкили созишномаи нав (“ақд”) муайян кардани нархи фурӯши нав ва коркарди пардохтҳо (масъалан, сиёсат оид ба пешгирии сармоягузории маблағҳои ҷуброн оид ба маблағгузории таҷдидшуда)-ро дар бар гиранд; ва
  • муҳлати ҳадди ақалли пардохтро муайян кунанд (дар асоси шартҳои аз нав таҷдид ва тамдидшуда), ки бояд мунтазам пеш аз он, ки маблағҳои тамдид ва таҷдидшуда чун қолабӣтасниф гарданд, риоя карда шаванд. Ин гуна муҳлати пардохт набояд аз 6 моҳ кам бошад, ки дар он пардохтҳо ҳар моҳ гузаронида мешаванд, ё ҳадди ақал 12 моҳ бо пардохтҳои семоҳа.
  • Ҳар тағйироти ба шарт ё мӯҳлати қарзи исломӣ/маблағгузории исломӣ ворид шуда, ки дар он маблағи асосӣ аз рӯи ҷадвал бояд дар охири мӯҳлати соҳибият ба таври якдафъаина супорида мешавад, сатҳи хавфи қарзии муштариро баландтар менамояд.

         Ташкилоти қарзии исломӣ бояд ҳолати молиявии муштариро тавассути дида баромадани ҳамаи шароит ва ҳолати молиявии у пеш аз таҷдид ва тамдиди маблағгузорӣ аз нав баҳо дода бознигарӣ кунад. Ташкилоти қарзии исломӣ бояд захираҳои кофиро барои мониторинг ва пайгирии самаранокии фаъолияти маблағгузории тамдид ва таҷдидшуда ҷудо кунад.

 

 

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

         Қобили зикр аст, ки фаъолияти бонкии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нав буда, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин замина мавҷуд набуданд. Баъд аз қабули Қонуни соҳавӣ ташаббуси таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самтро Бонки миллии Тоҷикистон ба даст гирифта, бо  истифода аз таҷрибаи кишварҳои гуногун ва бо ҳамкории зич бо Ширкати байналмилалии машваратии ИСРА (Малайзия) ба мақсади муҳайё намудани заминаи пурраии ҳуқуқӣ барои фаъолияти низоми нав, яъне низоми бонкдории исломӣ, илова бар ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор тартибу дастурамалҳои амалкунанда, якчанд адад санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав таҳия намуд. Аз он ҷумла, Дастурамали №___“Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи дороиҳоиташкилотҳои қарзии исломӣ”, ки дар заминаи дастурамали амалкунандаи низоми бонкии анъанавӣ таҳияи ва пешкаш мегардад.

      Бинобар ин, қабули Дастурамали мазкур чораи зарурӣ барои ҳалли масалаи ташкил ва истифодаи захира ва фонди пушонидани талафоти имконпазир аз рӯи дороиҳои ташкилотҳои қарзии исломӣ мебошад ва бидуни қабули Дастурамали мазкур ҳал намудани масъалаҳои бамиёномада бо роҳҳои дигар ғайриимкон мебошад.

    Дар маҷмӯъ, Дастурамали мазкур барои мукаммал ва тақвият бахшидани механизми соҳаи фарогирии хавфҳои қарзии эҳтимолии ташкилотҳои қарзии исломӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати баратаф намудани мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ дар самти мазкур, мусоидат менамояд.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

      Қабули Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани Дастурамали мазкур ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки дар соҳаи низоми бонкии исломии кишвар нав фаъолияти худро шуруъ мекунанд, монанди ташкилотҳои қарзии анъанавӣ шароити якхела дошта, барои табақабанди кардани маблағгузориҳои худ ба гуруҳҳо роҳнамои хубе пайдо мекунанд. Ин дар навбати худ боиси тақвият бахшидани низоми бонкии кишвар, бехтар гардидани вазъи молиявии ташкилотҳои карзии исломӣ, такмил ёфтани пардохтпазирии онхо ва чорӣ гардидани механизми дурусти идоракунии дороихо ва уҳдадориҳо гардида, ба зиёд гардидани шумораи штатҳои корӣ ва чойҳои холии корӣ, баланд гардидани маоши кормандони онҳо, сари вақт қонеъ гаштани талаботи муштариёни ташкилоти қарзии исломӣ ва дар маҷмуъ беҳтар гардидани фазои сармоягузориву хизматрасонии бонкии исломӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 20.12.2019
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00016-MMK-d.b._istifodai_zahira.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 12.12.2019
Дастрас он-лайн