Рақам 66
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Вазорати наклиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар муносибатҳо оид ба ташаккули фонди роҳ иштирок менамоянд.
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 10.12.2022
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.02.2023
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсис ва ташкилдиҳии Фонди роҳи назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правительства Республики Таджикистан “Об основании и организации дорожного Фонда при Министерстве транспорта Республики Таджикистан”
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 04.12.2022
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Тибқи таҳлилҳо муайян гардид, ки маблағгузории нигоҳдории роҳҳо, ки аз буҷети давлатӣ амалӣ мегардад, нисбати суръати рушди бунёду азнавсозии роҳҳо ба дараҷаи ниҳоят паст мебошад. Ба ҳолати имрӯза барои нигоҳдории  яксолаи як километри роҳи бо маблағи 244 396 сомонӣ бунёдгардида аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ҳамагӣ 5 941 сомонӣ ҷудо мегардад. Чунин фарқияти калон ба пойдории дороиҳои бо маблағи зиёд бунёдшуда, таъсири манфӣ расонда ба пеш аз муҳлати меъёрӣ вайрону валангоршавии онҳо боис мегардад.

Инчунин тибқи таҳлилҳои коршиносони байналмилали дар сурати ингуна маблағҷудокунӣ барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум эҳтимолӣ пурра вайрон гардидани роҳҳои автомобилгарди бунёдгардида мегардад.

Агар ягон амал андешида нашавад, ташкил, таъсис ва фаъолияти фонди мазкур дуруст ба роҳ монда нашуда, барои нигоҳдории роҳҳо аз буҷети давлатӣ маблағҳои зиёд ҷалб карда мешавад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди роҳи назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2021, №427(27-2) вобаста ба моддаи 33 қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2018, №1069 оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” аз 31 декабри соли 2020, №706 ба тасвиб расидааст, аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Дар лоиҳа чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:

- баррасӣ, муайян ва тасдиқи самтҳои асосӣ ва афзалиятҳои фаъолияти Фонди роҳ, вазифаҳои дарозмуддат ва вазифаҳои ҷорӣ;

- муайян ва мувофиқа намудани сохтор, басти вазифаҳо, меъёрҳо ва дигар нишондиҳандаҳои соҳаи роҳдорӣ;

- назорат оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои Фонди роҳ;

- муайян намудани манбаҳои фонди роҳ;

- муайян намудани самтҳои хароҷоти маблағҳои фонди роҳ;

- муайян намудани тартиби таҳияи буҷети фонди роҳ;

- назорати истифодаи маблағҳои фонди роҳ.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта танҳо дар мавриди таъсиси Фонди роҳ имконпазир мегардад ва бидуни таҳияи чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим даровардани муносибатҳо вобаста ба ташкил ва таъсис намудани фонди роҳ, муайян намудани тартиб, самтҳои хароҷот ва назорати фонди мазкур ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Даромади Фонди роҳ ғайри буҷаи давлатӣ буда, мақоми олии идоракунии  Шӯрои нозирони Фонди роҳ мебошад, ки аз ҷониби роҳбарони Шӯро, ки аз роҳбарони аввали сохторҳо (Вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палати ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ташкил карда мешавад, лоиҳаи буҷети Фонди роҳ дар як вақт бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

  • сатҳи хизматрасониҳо вобаста ба нигоҳдории роҳҳо баланд мегардад;
  • сифати роҳҳои автомобилгард баланд мегардад;
  • ҳуқуқҳои соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳифз мегардад.

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

  • сармоягузорӣ вобаста ба нигоҳдории роҳҳо аз ҳисоби бахши хусусӣ зиёд мегардад;
  • маблағҳо вобаста таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, харидории техника ва таҷҳизот, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, манбаъҳои таълимӣ ва дигар хароҷотҳо самаронок истифода мешаванд.
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 04.12.2022
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00066-MMK-#66.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш.Душанбе к. Айни 14, 2222231, huquq@mintrans.tj
Санаи нашр 04.11.2022
Дастрас он-лайн