Рақам 77
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ намебошанд)
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 30.11.2023
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 31.01.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2017, №23”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правления Национального банка Таджикистана “О внесении изменений и дополнений в постановление Правления Национального банка Таджикистана от 31 марта 2017 года, №23”
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 30.11.2023
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

    Санаи 22 июни соли 2023 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” дар таҳрири нав қабул гардид, ки раванди гирифтани иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро боз ҳам соддатар ва осонтар гардонид.

    Вобаста ба ин зарурат пеш омадааст, ки талаботи “Тартиби гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ” ба талаботи қонуни мазкур мутобиқ гардонида шавад. Аз ҷумла, дар “Тартиби гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ” тартиби ба таври электронӣ қабул намудани ариза,  азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусха (дубликат) ва бекор кардани амали иҷозатнома, инчунин пардохти хироҷи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома пешбинӣ нагардидааст. Айни ҳол, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони ҳуқуқӣ 10 иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шудааст.

    Дар ҳолати ворид накардани тағйиру иловаҳои дахлдор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ эҳтимолияти он вуҷуд дорад, ки шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми ба таври электронӣ пешниҳод намудани ариза, азнавбарасмиятдарорӣ ва гирифтани нусха (дубликат)-и иҷозатнома, инчунин анҷом додани пардохти хироҷҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда ба мушкилии ҳуқуқӣ дучор оянд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

    Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти иҷозатдиҳанда дар соҳаи низоми пардохтӣ бо мақсади содда ва шаффоф намудани раванди додани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ва мутобиқ намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарори мазкурро таҳия намуд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

    Дар доираи лоиҳаи қарори мазкур масъалаҳои зерин мавриди танзим қарор мегиранд:

  • тартиби ба таври электронӣ пешниҳод намудани ариза барои гирифтани иҷозатнома;
  • тартиби азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома;
  • тартиби додани нусха (дубликат)-и иҷозатнома;
  • тартиби бекор кардани амали иҷозатнома;
  • тартиби пардохти хироҷи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома.
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

    Ба ҷуз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори болозикр дигар роҳи ҳал кардани мушкилиҳо вуҷуд надоранд, зеро маҳз қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2017, №23 “Дар бораи  Тартиби гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ” санади меъёрии зерқонунӣ буда, тартиби гирифтани иҷозатномаро барои анҷом додани фаъолияти оператори низоми пардохтӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ намебошанд),  барасмиятдарорӣ ва тартиби бозхонди иҷозатномаро муқаррар менамояд.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

   Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Тартиби мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.

  

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 29.11.2023
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00077-MMK-Untitled.FR11.pdf-11-okt..pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 11.10.2023
Дастрас он-лайн