Рақам 80
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Кумитаи меъмори ва сохтмони назди ҲҶТ
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.06.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.07.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №429
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 июля 2015, №429
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 20.02.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Бо назардошти мушоҳида гардидани камбудиҳо аз ҷониби комиссияи давлатии қабули иншоот бобати дар биноҳои истиқоматӣ иҷро нагардидани корҳои андовакунию пардозгарии дохили ҳар як ҳуҷра, даҳлез, надоштани деворҳои байниҳуҷравӣ, пурра омода нагардидани шахтаҳои лифт, надоштани майдончаҳои зарурӣ дар ҳудуди наздииморатӣ, дар ҷойҳои номувофиқ истифода гардидани гаҷдеворҳо, инчунин пайвасти бесифати шабакаҳои муҳандисии барқ, алоқа, обу корез ва гармӣ барои пешгирии ҳолатҳои зикршуда ва аз байн бурдани чунин таҷриба ба бандҳои дахлдори Тартиби кории комиссияҳои давлатии қабул, ҳуқуқ ва уҳдадории онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №429 тасдиқ гардидааст, зарурати ворид намудани тағйирот ба миён омад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 9 декабри соли 2021, №29/2-475 муроҷиат карда, пешниҳод намудааст, ки мутобиқ ба иҷрои сархати шашуми банди 1 супориши протоколи ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе аз 29 ноябри соли 2021, №33 бо назардошти мушоҳида гардидани камбудиҳо аз ҷониби комиссияи давлатии қабули иншоот бобати дар биноҳои истиқоматӣ иҷро нагардидани корҳои андовакунию пардозгарии дохили ҳар як ҳуҷра, даҳлез, надоштани деворҳои байниҳуҷравӣ, пурра омода нагардидани шахтаҳои лифт, надоштани майдончаҳои зарурӣ дар ҳудуди наздииморатӣ, дар ҷойҳои номувофиқ истифода гардидани гаҷдеворҳо, инчунин пайвасти бесифати шабакаҳои муҳандисии барқ, алоқа, обу корез ва гармӣ барои пешгирии ҳолатҳои зикршуда ва аз байн бурдани чунин таҷриба ба бандҳои дахлдори Тартиби кории комиссияҳои давлатии қабул, ҳуқуқ ва уҳдадории онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №429 тасдиқ гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2016, №153 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, тағйиротҳои зарурӣ ворид карда шаванд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Тибқи лоиҳаи қарори мазкур бандҳои 10, 24 ва 26 Тартиби кории комиссияҳои давлатии қабул, ҳуқуқ ва уҳдадории онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №429 тасдиқ гардидааст, дар таҳрири нав ифода карда шуданд

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Лоиҳаи қарори мазкур аз буҷети ҷумҳурӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 20.02.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00080-MMK-158_21.2s-az-20.02.2024_339479.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 227 03 31, nuralizodas@mail.ru
Санаи нашр 18.01.2024
Дастрас он-лайн