Рақам 82
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 20.04.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 31.05.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Тартиб
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Тартиби гузаронидани санҷиши субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ, ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои он
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Порядок проведения проверки субъектов страховой деятельности, свод и предоставление её результатов
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 12.04.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

   Мавҷуд набудани санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ки раванди гузаронидани санҷиши субъектҳои фаъолияти суғуртавиро пурра ба танзим медарорад.

   Ҷиҳати риояи муқаррароти қонунгузорӣ, Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки Тартиби мазкурро таҳия намояд.

   Дар ҳолати мавҷуд набудани чунин тартиб, талаботи қонунгузорӣ бе иҷро боқӣ монда, субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ бе назорати соҳавӣ мемонад, ки ба рушди он таъсири манфӣ мегузорад. 

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

   Бонки миллии Тоҷикистон Тартибро бо мақсади риояи муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ, рушди босамари бозори суғурта, инчунин барои таъсис ва нигоҳдории низоми суғуртавии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул менамояд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

   Дар лоиҳаи Тартиб чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:

- асосҳо барои гузаронидани санҷиши субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ;

- таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии суғурташавандагон, шахсони суғурташуда ва фоидагирандагон;

- риояи муқаррароти қонунгузории соҳа.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

   Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ танзими фаъолияти субъектҳои фаъолияти суғуртавиро тибқи талаботи қонунгузории соҳа ба роҳ монда истодааст.

   Таҷриба нишон дод, ки бинобар сабаби мавҷуд набудани санади меъёрии ҳуқуқии санҷиши субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ, субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ берун аз санҷиш монда, риоя гардидани муқаррароти қонунгузорӣ таъмин карда намешавад.

   Инчунин, набудани санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба санҷиши субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ боиси поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии суғурташавандагон, шахсони суғурташуда ва фоидагирандагон дар кишвар гардидааст.

  Бидуни таҳияи чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” пешбинӣ намудааст, ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ ва ба танзим даровардани бозори суғурта ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабули Тартиб аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.

 

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

  • риояи муқаррароти қонунгузорӣ таъмин мегардад;
  • сатҳи хизматрасониҳои суғуртавӣ ба аҳолӣ беҳтар мегардад;
  • барои баланд бардоштани эътимоди суғурташавандагон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

 

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

  • риояи муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ таъмин мегардад;
  • Диверсификатсияи дороиҳо бо роҳи сармоягузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт амалӣ мешавад;
  • ба таври дуруст ба роҳ мондани раванди андозбандии субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ таъмин мегардад;
  • қонунвайронкуниҳо аз ҷониби субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ пешгирӣ карда мешавад;
  • шаффофияти пардохту ҷубронҳои суғуртавӣ назорат карда мешавад.
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 12.03.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00082-MMK-Untitled.FR11.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 11.03.2024
Дастрас он-лайн