Рақам 85
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амвол
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Амали қарори мазкур нисбат ба фаъолият ва ё амалҳое паҳн мегардад, ки субъектҳои соҳибкорӣ тибқи феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда анҷом медиҳанд
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 22.05.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 24.06.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо"
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правительства Республики Таджикистан “О Порядке выдачи лицензий, разрешительных документов, актов утверждения и согласования, получения уведомлений”
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 20.04.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Мувофиқи лоиҳаи Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо қоидаҳои аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо барои анҷом додани фаъолият ва амалҳои субъектҳои хоҷагидор, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» муқаррар гардидаанд, мушаххасан ба танзим медарорад. 

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Лоиҳаи мазкур бо мақсади ба танзим даровардан ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва нест кардани монеаҳо барои дастрас намудани ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳидошта мебошад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Бо мақсади иҷрои  талаботи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №1968 «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо» аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод карда мешавад.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Бо қабули лоиҳаи қарори мазкур тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта дар ҷумҳурӣ муайян гардида, ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо зарур аст, мушаххасан пешбинӣ карда мешавад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Татбиқи лоиҳаи қарори мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 21.04.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00085-MMK-Untitled.FR11.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе к. Шохтемур 27, 900320009, i.isfandiyor_83@mail.ru
Санаи нашр 20.03.2024
Дастрас он-лайн